Дурнамои нақшаи истихроҷи ангишт дар панҷ моҳи соли равон, пеш аз муҳлат иҷро карда шуд.

5a746c804e67f94c449047683416efde

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт бо ангишт  дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, бо роҳбарони корхонаҳои зертобеи худ ва соҳибкорони ватанӣ, дастурҳои мушаххас дода истодааст.

 Дар натиҷа бо кӯшишу заҳмати роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт, нишондодҳои нақшаи панҷмоҳа  санаи  14-ми майи соли равон барзиёд таъмин намуданд.

Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба  зиёда аз 450 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида  135 ҳазор тонна зиёд  мебошад.

Дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо дар назардошти бақияи соли сипаригардида  400 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад.  Айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба 5000-6500 тонна расонида шуда аст, ки муштариён метавонанд, аз ин анборҳо харидории  ангиштро ба роҳ монанд.