Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-апрели соли 2019

legkay_promishlennost

      Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 марти соли 2019 марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ “Бисот” дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмуи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

дангара 212

        Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-апрели соли 2019 ба маблағи 373,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115,7 фоиз таъмин шуд.

        Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳа 7797,5 тонна риштаи пахтагин (нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 1978,6 тонна зиёд), 3327,5 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин (нисбат ба ин давраи соли гузашта 1777,3 ҳазор метри мураббаъ зиёд), аз ҳисоби корхонаю марказҳо 49,8 ҳазор метри мураббаъ матои адрас (назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 19,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 6,6 ҳазор метри мураббаъ  матои атлас, 77,7 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, ба маблағи 15,6 млн. сомонӣ мебел (нисбат ба ин давраи соли 2018 3 млн сомонӣ зиёд), 1368 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ (назар ба ҳамин давраи соли 2018 392,7 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 2253,3 ҳазор ҷуфт ҷуроб (нисбат ба ин давраи соли 2018 269,8 ҳазор ҷуфт зиёд), 336,5 ҳазор ҷуфт пойафзолҳои гуногун (дар қиёс ба ин давраи соли 2018 11,4 ҳазор ҷуфт) истеҳсол намудаанд. Коркарди пӯст дар ин давра 147593 донаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 321 дона зиёд аст.

         Дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, варзишӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин, мебел, пахтаҳои тиббӣ ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

миниатюра 1

            Дар ин давра номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла уребча, гирдакҳои пахтагин, чубчаҳои нафис, пахтаи тиббӣ, риштаи полипропиленӣ ва матои абрешими надофӣ дар корхонаҳои соҳа истеҳсол шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта шудаанд.