Маълумот доир ба ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар моҳҳои январ – апрели соли 2019

ovodkov_11_stroy
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.
Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.
Дар 4 моҳи соли 2019 ба маблағи 716,6 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли семент ба 1,2 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 33,6 миллион дона, газоблок 9,3 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 382,1 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 312,2 ҳазор дона ва шифер 198,4 ҳазор дона баробар шудааст.
диаграми сохтмони
Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 33,0 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 28,5 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23,7 %, “Сементи Тоҷик” 5,2 % назаррас мебошад.
истехсоли семент
Дар ин давра 462,1 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 249,3 ҳазор тонна, Афғонистон 198,6 ҳазор тонна ва Қирғизистон 13,9 ҳазор тонна содир гардидааст.
Истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 312,2 ҳазор дона баробар шуда, аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон  124,9 ҳазор дона ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Исломии Афғонистон содирот карда шудааст.
Дар 4 моҳи соли 2019 корхонаи истеҳсоли шифер ҶДММ “Муқим-1” дар ноҳияи Ёвон, корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ “Зиркон” дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ “Белтатекс”-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.