Баргузории якқатор озмунҳои “Инноватсионӣ ва беҳтарин ихтироъкорони ҷавон”

novye-tehnologii-dlja-malogo-biznesa
Озмуни “Беҳтарин ихтироъкори ҷавон” ҷиҳати дарёфти ихтироъкорони ҷавон ва лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯёну магистрон дар муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баргузор кара мешавад.
Санаи 23-апрели соли 2019 дар долони бинои асосии донишгоҳ тамоми донишҷӯёну магистрони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон беҳтарин ихтироъҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ, амсила (макет)-ҳо аз ҷониби олимони ҷавон, унвонҷӯён, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён ба маърази тамошобинон ва аъзоёни комиссия пешкаш гардид.
2345435

 

Дар озмун   Давлатов Раҳмоналӣ  – намояндаи Вазорати саноат ва  технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,    Маҳмудзода О. Б  – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Фирӯз Саидхоҷаев-корманди – барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайъати устодону кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд.
 Озмуни  ихтироъкорон ва навоварони ҷавон ҷиҳати дарёфти “Беҳтарин ихтироъкори ҷавон ва лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯёну магистронро ноиби ректор оид ба илм ва татбиқот Ғафоров А. А. оғоз намуда, нақши илмро дар  пешрафти тамоми табақаи ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ карда, сухани ифтитоҳиро ба ректори донишгоҳ Амонзода И.Т. дод.
Амонзода И.Т. нахуст сухани худро аз вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуда, меҳмонон, намояндагони вазоратҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро хайрамақдам гуфта, барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун ба иштирокчиён комёбиҳо орзу намуд.
Рафти баргузории Озмунро сектори барномаҳои телевизионӣ-таълимию фарҳангии “Маърифат”, Шабакаҳои Телевизиони Тоҷикистон ва Сафина ва Радиои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.
Озмунро гурӯҳи корӣ дар ҳайати зерин баргузор намуданд:
  1. Ғафоров А.А. – д.и.т., и.в.проф., проректор оид ба илм, раиси ҳакамон.
  2. Юсупов М.Ч. – н.и.ф.м, и.в.проф., проректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ – муовини раиси ҳакамон.
  3. Мирзозода Г.Х. –н.и.т., мудири кафедраи М ва ДИТ, котиб
  4. Мирзоев Ш.Т – аъзо
  5. Ҷафаров А. – аъзо
  6. Шокиров Ш. – аъзо
  7. Ҷураев О. – аъзо
Дар Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон баҳри дарёфти “Беҳтарин ихтироъкори ҷавон ва лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯёну магистрони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  дар соли 2019” 64 номгӯи ихтироъ ва лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардид.
Баъд аз ҷаъмбасти озмун ҳайати ҳакамон аз байни иштироккунандагон ғолибони Озмунро муайян намуда, бо туҳфаҳои хотирмон ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардониданд.

Озмун аз 2 – бахш иборат иборат буд:

Бахши I.  Техникаю технология.
 Бахши II.  Лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Бахши I.  Техникаю технология.
Ҷойи 1-ум – Алиев Рустам, донишҷӯи курси 2-юми факултети телекоммуникатсия ва таҳсилоти касбӣ
Ҷойи 2-ум – Муродов Аҳмадҷон,   донишҷӯи курси 1-юми факултети  муҳандисӣ – технологӣ
Ҷойи 3-юм Фахриддинов Юнус,   хонандаи литсейи инноватсионии ” Душанбе”
         Бахши II.  Лоиҳаи инноватсионӣ.
         Ҷойи 1-ум -Шодиева Дилшода,   донишҷӯи курси 2-юми факултети  муҳандисӣ – технологӣ
         Ҷойи 2-ум Сироҷов Ҷаъфар донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисодиёт ва молия
         Ҷойи 3-ум Соқиев Шоҳрӯзбек донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисодиёт ва молия
 23234
34кукау6ка4
Иштироки фаъол:
  Саидова Фарида донишҷӯи курси 2-юми факултети технология ва дизайн.
Амирҷони Маҳмадалӣ  хонандаи литсейи инноватсионии  ” Душанбе”
Шӯҳратзода Рухшона.

Давронов Дилёр, донишҷӯи курси 4 – уми факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ.

Салмон Беҳрӯзӣ, хонандаи литсейи инноватсионии “Душанбе”.

         Дар ин самт дар  раёсати Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар баён доштаанд ва бо мақсади ба ҳам овардани донишҷӯён, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, ташаккули афкори солим, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ба самти илмҳои техникию дақиқ шиносоӣ бо кашфиётҳои нави илмҳои муосир ва технологияҳои пешқадам, ихтирооти илмию техникӣ ва муайян кардани беҳтарин ихтирооти омӯзгорон ва донишҷӯён    санаи 13-уми апрел  дар донишкада,   “Озмуни ихтироъкорони  ҷавон” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён,  олимони ҷавони донишкада , омӯзгорон,  ширкат варзиданд. Дар байни иштироккунандагон Қодиров Абдурашид  ассистенти кафедраи металлургия бо лоиҳаи пешниҳоднамудаи  худ, ки  “Тарзи такшонкунии молибдати калсий аз маҳлулҳои молибдендор” дар соҳаи техникӣ  иштирок кард ва сазовори ҷои якум гардид. Ба ғолиби Озмун аз тарафи Раёсати донишкада тӯҳфаи хотиравӣ тақдим  карда шуд.
         Инчунин «Ихтироъкорони ҷавон»-и филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз натиҷагириҳои озмун ҳар сол ду маротиба дар давоми хафтаи сеюми моҳи марти соли равон ва бахшида ба иди Наврӯзи хуҷастапай ва моҳи ноябр, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
         Ин навбат низ Озмуни «Ихтироъкорони ҷавон»-и филиали Донишгохи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз 12 то 19 марти соли 2019 баргузор шуд. Аз рӯи муаррифии ихтироъҳо, макетҳо, моделҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва патентҳо омода сохта, санаи 20 марти соли 2019 ғолибони озмун, бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.