Оғози марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани рақобатнокии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон»

Санаи 24-уми майи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Душанбе Серена» бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорату идораҳо ҷаласа оид ба  оғози марҳилаи дуюуми Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани рақобатнокии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Лоиҳа дар марҳилаи аввалиаш, ки дар солҳои 2015-2017-ум роҳандозӣ мешуд, вазифаҳои баланд бардоштани истеҳсолот ва рақобатпазирии корхонаҳои Тоҷикистон дар бахши қолинбофӣ ва гулдузӣ ба воситаи бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалиро пеш гузошта буд. Барои устувории муҳлати дарози соҳа абзорҳои навоварӣ ва маркетингиро ба он ворид карда, иқтидори коршиносонро афзоиш доданд ва тоҷиронро дастгирӣ карданд.

Дар зарфи ду сол бренди миллии «LA’AL» таҳия шуд, ки он корхонаҳои тоҷикӣ, маҳсулоти қолинбофӣ ва нассоҷию адрасро даври худ ҷамъ овард. Маҳсулоти бренди мазкур дар 16 намоишгоҳи ватаниву байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда, барои таҳвили маҳсулоти ватанӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расид ва дар баробар ин ҷойи кори нав эҷод шуд.  Барои 535 нафар иштирокдори давраҳои омӯзишӣ, аз ҷумла ба занони хонаводаҳои камдаромад ва гурезаҳои Афғонистон, намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамаи давраҳои истеҳсолотро омӯзонданд. Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нахустин бор буд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти дастӣ миёни корхонаҳои баҳрабардор ва меҳмонхонаҳои байналмилалӣ, занҷираҳои хариду фурӯш ва тарабхонаҳову супермаркетҳо шартномаи тиҷоратӣ баста шуд.

Зикр гардид, ки бо пешниҳоди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молии ҳукумати Федератсияи Русия лоиҳаи мазкур дубора фаъол шуд.

viber image 2019-05-24 , 17.18.10

Дар марҳилаи дувум ЮНИДО дар ҳамкорӣ бо шариконаш дар самти рушди ҳамаҷониба ва устувори маҳсулот ва ҳамгироии минтақавии иқтисоди Тоҷикистон ҳамкории муштаракро идома медиҳад. Мутобиқи дастурамал бахшҳои зикршуда бояд иқтидори истеҳсолии худро баланд бардошта, мавқеъи байналмилалии Тоҷикистонро дар самти сиёсати нарх дар саноати тавлидӣ, ки тавлидоти саноатро ба низом медарорад ва содироти маҳсулоти омода ва рақобатпазирро дар бозори ҷаҳон устувор кунад.