Шиносоии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхонаи васлу насби автобусҳои “АКИА”дар шаҳри Душанбе

акия

Рӯзи 14 майи соли 2019 бо супориши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхонаи васлу насби автобусҳои “АКИА”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби 30 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур Ҷабборов Баҳриддин – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Асомуддини Абдулмумин – муовини декан оид ба тарбияи факултети “Телекоммуникатсия ва таъминоти касбӣ”–и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Раҳмоналӣ Давлатов – сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорат иштирок намудаанд.

акиааа

Намояндагони корхонаи “АКИА” аз шарту шароит ва имконоту хизматрасониҳои корхона маълумотҳои муфассалро ба донишҷӯён пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён иттило дода шуд, ки корхонаи мазкур корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия буда, соли дуюм аст, ки фаъолият карда истодааст ва дар он 133 нафар кормандони баландихтисос кору фаъолият менамоянду васлу насби автобусҳои мусофиркашонӣ ба тамоми стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад.

     Дар корхонаи васлу насби автобусҳои “АКИА”-и шаҳри Душанбе дар ду шабонарӯз як адад автобус васлу насб шуда ба тавақуфгоҳ равон карда мешавад.