Баргузории семинар-машварат бо роҳбарони корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ

сохтмон мачлис

Бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 майи соли 2019 дар бинои марказии вазорат бо роҳбарони корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ вобаста ба саноатикунонии босуръати кишвар семинар-машварат  баргузор гардид.

Дар кори семинар-машварат намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рўдакӣ, Варзоб, Шаҳринав инчунин, зиёда аз 60 нафар роҳбарони корхонаҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ иштирок намуданд.

Семинар машваратро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири саноат ва технологияҳои нав оғоз намуда, оид ба амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар вазифагузорӣ намуданд. Қайд гардид, ки зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз самаранок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ вобаста мебошад.

сохтмон мачччлис

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба саноатикунонии кишвар, тартиби истифодабарии захираҳои канданиҳои фоиданок, пешниҳоди ҳисоботи омории шакли 5КК, тартиби пардохти маблағҳо барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, механизми истихроҷи конҳои қуму шағал, ки дар маҷрои дарё ҷойгир мебошанд, роҳҳои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, хусусан сел ва ғайраҳо суханронӣ  намуданд. Роҳбарони корхонаҳо доир ба масъалаҳои ҳалталаб посухҳои мушаххас гирифтанд.