БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФЕСТИВАЛИ АТЛАСУ АДРАС

атлас миниатюра 1

Санаи 2 – юми июни соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хосса Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас баргузор гардид. Чорабинии зикршуда ҷиҳати иҷрои банди 8 нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ карда шудааст, аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани ин чорабинӣ тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси бо маҳорати баланд истеҳсолшуда ба шумор мерафт.

Дар фестивали ҷумҳуриявӣ ҳунармандони моҳири вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда,  намунаҳои гуногуни матоъҳо, либосҳои миллӣ ва ҳамёну сумкаҳои аз атласу адрас омодагаштаро пешниҳоди тамошобинон гардониданд.

Иштирокчиён, сайёҳон ва сокинони пойтахт аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оид ба атласу адрасбофӣ дидан намуда, дар баробари ин инчунин аз тамошои барномаҳои фарҳангиву фароғатии дар рафти чорабинӣ ташкилгардида, таассуроти нек бардоштанд.

Намоиши либосҳои миллии аз матои атласу адрас, ки аз ҷониби тарроҳон омода гардида буданд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дар хотима ғолибони фестивал ва шахсони ташаббускору фаъол бо шоҳҷоиза, диплом, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав сазовор гардиданд.

Ҳамин тариқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дипломи дараҷаи 1 бо шоҳҷоиза, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дипломи дараҷаи 2 бо шоҳҷоиза ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дипломи дараҷаи 3 бо шоҳҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

аттттлассс 8 атттллласссч5 атттласси 7 атттлаассс 6 атллллас 3 атллласссс 4 атлвс