Коксонидани ангишт- маҳсулот барои саноати кимиё!

5a746c804e67f94c449047683416efde

Ангишти коксшавандаи Фон-Яғноб аз ҷиҳати сифат ва захира дар минтақаи Осиёи Марказӣ беҳамто мебошад. Истифодаи ангиштҳои баландсифат (ангиштҳои коксшаванда) ва ҳамчунин коркарди дубораи онҳо барои ҷудо намудани унсурҳои камёфт ва паҳншуда, метавонанд манфиатнок бошанд.

Доир ба кони Фон-Яғноб нисбатан маълумотҳои пурраи геологӣ, технологӣ ва кимиявии ангишт вуҷуд доранд. Ангиштсанги кони Фон-Яғноб хушсифаттарин ангишт ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 70% қабатҳои 3-12 ин кон ангишти коксӣ мебошад. Қабати 6 ангишт кокси беҳтарини хубгудохташударо дорад. Қабатҳояш бо ангишти дигар қабатҳо омехта карда, сифати истеҳсоли кокси металлургӣ баланд мегардад. Хусусиятҳои коксшавандагии ангишти Фон-Яғноб дар хумдони коксии сохти Пажўҳишгоҳи илмӣ тадқиқоти кимиявии канданиҳои сўзандаи шаҳри Свердловски Федератсияи Россия (ВУХИН) инчунин, бо роҳи коксонидан дар қуттиҳои хумдони истеҳсолии иттиҳодияи металлургии Кузнетск муайян карда шудааст.

ангишт

Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш олимони Институти кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Румянсева З.А. ҳарорати баланд коксшавии ангишти Фон-Яғнобро омўхта, имконияти аз он ҳосил кардани коксро барои заводҳои металлургӣ, электродҳо ва дигар маҳсулотҳои кимиёвӣ кашф карданд. Дар таркиби ангиштсанги кони Фон-Яғноб миқдори зиёди моддаҳои органикӣ, хусусан карбоҳидрогенҳои ароматӣ- бензол, фенол, толуол, нафталин, пиридин, карбазол ва ғайра дида мешаванд.

Истеҳсоли кокс дар ҷаҳони муосир тақрибан 550-650 млн тоннаро дар як сол ташкил медиҳад. Аз 60 то 70 %-и истеҳсоли кокси ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин тааллуқ дорад. Нархи кокс дар бозори ҷаҳонӣ  ба ҳисоби миёна аз 70$/т сар шуда то 250$/т мерасад.

 Таҳлили бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки нархи кокс дар Ҷумҳурии мардумии Чин аз 200$/т то 250$/т буда,  ин нарх назар ба нархи дигар давлатҳо 2 ва ҳатто то 3 маротиба зиёд мебошад.

Бузургтарин мамлакатҳои  содироткунандаи  кокс Хитой ($2,21 млрд), Полша ($1,66 млрд), Мозамбик ($1,51 млрд), Россия  ($667 млн) ва Колумбия ($585 млн) ба ҳисоб мераванд.  Мамлакатҳои калони воридоткунандаи кокс инҳоянд: Ҳиндустон ($2,6 млрд), Олмон ($663 млн), Бразилия ($500 млн), Украина ($413 млн) ва Турция ($376 млн).

Хитой ҷойи аввалро дар руйхати калонтарин мамлакатҳои содироткунандаи кокси ҷаҳонӣ ишғол  менамояд, ки 25%- и содироти кокси ҷаҳонӣ ба ҳиссаи ин давлат рост меояд. Саҳми дигар давлатҳо дар содироти кокси ҷаҳонӣ чунин мутаносиб мебошад: Полша-18%, Мозамбик-17%, Федератсияи Россия-7,4% ва Колумбия-6,5%.

Нархи таҳвил Минимум

(камтарин)

Максимум

(зиёдтарин)

Санаи тағйирёбии нарх Тағйирот
$/т %
Кокс, FOB Австралия 175.1 175.1 15.04.2019 -0.1 -0.03%
Кокс, CFR Хитой 187.8 187.8 16.04.2019 +3.3 +1.78%
Кокс, Распадская 91.0 91.0 01.03.2019 +1.0 +1.11%
Кокс, нархи миёнаи таҳвил барои бозори дохилии Федератсияи Россия 70.0 70.0 Фев. 2019 -2.0 -2.67%
Кокс, содирот аз  Федератсияи Россия DAF/FOB 122.0 122.0 Фев. 2019 -4.0 -3.17%
Кокс, воридот ба  Федератсияи Россия , DAF/CPT 105.0 105.0 Фев. 2019 +3.0 +2.94%
Кокси нимҳамвор, бозори дохилии  Хитой 164.8 211.4 31.08.2018 -0.4 -0.20%
Кокси сахт, бозори дохилии   Хитой 200.0 250.0 16.04.2019 +0.3 +0.14%

Аз рӯйи воридоти кокс дар ҷойи аввал Ҳиндустон-29% ва дигар давлатҳо: Олмон-7,4%, Бразилия-5,6%, Украина-4,6% ва Турция бо 4,2 %- меистанд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ба рушди металлургияи ранга дар ҷумҳурӣ, мавҷуд будани миқдори зиёди захираҳои маъдани оҳан (Шоҳқадам, Барч ва ғайра) ва истифодаи кокс зарур мебошад.

  ангт

Бинобар, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ оид ба сохтмони комбинати бойгардонӣ ва истеҳсоли кокс бояд чораҳои қатъӣ андешем. Ҳамзамон, соли 2018 ширкати “Талко” бо  ҷалби сармояи ширкати ”Гибер”-и Фаронса ба сохтмони комбинати бойгардонӣ ва истеҳсоли кокс  тасмим гирифта буд.

Соҳаи саноати ангишт дар истеҳсолоти саноатӣ ҳамчун пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, ки барои расидан ба ин мақсад моро барои андешидани чораҳо нисбати амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ водор месозад.

Яке аз ҳадафҳои рушди соҳаи саноати ангишт ин ба роҳ мондани  истеҳсоли кокс ва аз он гирифтани маҳсулот барои саноати кимиё мебошад.

11