Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

23456456 ярмарка

Ҷиҳати раванди татбиқи Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори мењнат»(Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ соли 2012, № 8, моддаи 832) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”(аз 2 июни соли 2011 № 277), инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 таҳти №262 “Оиди тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту ширкатҳои ватаниву хориҷӣ санаи 15 майи соли 2019 аз соати 9:00 то 12:00 намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холиро ташкил ва баргузор намуд.

Бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук дар ярмарка иштирок намуда, ба хатмкунандагон як қатор ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд. Баъзе корхонаҳо инчунин маҳсулотҳои тайёри худро барои фурӯш бо нархҳои дастрас пешниҳод намуданд: ҶСП “Комбинати Шири Душанбе”, ҶДММ “Фабрикаи шири Саодат”, ҶСК “Гулистони Душанбе”, ҶДММ “Маколли”, ҶДММ “Coca- Cola-Нӯшокиҳои Тоҷикистон”. Инчунин, намояндагони чунин корхонаҳо дар ярмарка иштирок намуда, бо хатмкунандагон оид ба ҷойҳои кории холӣ сӯњбатҳо гузарониданд: КВД “Саноати гӯшту шир”, КВД “Хӯрокворӣ”, КВД “Ѓалла”, ҶДММ “ИИ Нассоҷии Тоҷик”, ҶСК “Корхонаи шароббарорӣ”, ҶДММ “Файзи истиқлол”, ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил”.

Агентии шуғли аҳолии шаҳри Душанбе дар ярмарка иштирок варзида аз тарафи шуъбаҳои ин агентӣ дар ноҳияҳои И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур зиёда аз 2000 ҷойҳои кории холии зиёда аз 100 корхонаю ташкилотҳо ба хатмкунандагон пешниҳод карда шуданд.

Инчунин, дар асоси мактуб – даъватномаҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намояндагони чунин ширкатҳо ва корхонаҳо дар кори ярмарка иштирок варзиданд: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе”, ҶДММ Собиров БГ “Ромсар”, БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “ТТ Мобайл”, ҶСК ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶДММ “Лото спорт” ва ғайра.

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ соати 9:00 оғоз гардида то соати 12:00 идома ёфт. Дар он хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иштирок намуда, бо ҷойҳои кории холӣ ва талаботҳои корхонаҳо барои қабул ба кор аз наздик шинос шуданд. Намояндагони ҶДММ “Нассоҷии тоҷик”, ҶДММ “Файзи истиқлол”, ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” бо хатмкунандагони факултети технология ва дизайн вохӯрӣ гузаронида оид ба шарту шароитҳои кор дар ин корхонаҳо маълумоти муфассал доданд. Ба хатмкунандагони ин факултет чунин миқдори ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуд: ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” – 100 ҷой, ҶДММ “Файзи истиқлол” – 50 ҷой, ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” – 3 ҷой. Як нафар хатмкунанда, ки забони чиниро хуб медонист, баъди сӯњбат барои кор ба ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” бе озмун  даъват карда шуд.

ярмарка 5

Азбаски аксарияти корхонаю ширкатҳо кормандонро дар асоси озмун ба кор қабул менамоянд, анкетаи хатмкунандагон барои иштирок дар ин озмунҳо ҷамъоварӣ карда шуданд ва чунин натиҷа оид ба қабули анкетаҳои хатмкунандагон ба даст оварда шуд:

  • Амонат бонк – 38 анкетаи донишҷӯёнро барои иштирок дар ишғоли ҷойҳои кории холии ин бонк;
  • ҶСК “Бонки Эсхата”– 25 анкета;
  • ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” – 23 анкета;
  • ҶСК ТАҚХ “Душанбе Сити”– 15 анкетаи донишҷӯ қабул карда, зиёда аз 300 адад буклет ба хатмкунандагон тақсим карда шуд;
  • ҶДММ ТАҚХ “Алиф – Cармоя” – 10 анкетаи хатмкунанда қабул карда, ба 50 нафар анкета барои пур кардан тариқи онлайн тақсим карда шуд;
  • ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”– зиёда аз 50 анкета ба хатмкунандагон тақсим карда шуд;
  • ҶДММ “Маколли” – 22 анкета қабул карда шуд;
  • Ширкати Эволет – 30 анкета қабул карда шуд.
  • ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бо зиёда аз 60 нафар хатмкунандагон вохӯрӣ гузаронида барои қабули хатмкунандагон ба кор анкетаю санҷишҳо гузаронид.

Хатмкунандагон бо рӯйхати ҷойҳои кории холии корхонаю муассисаҳои аз тарафи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, зиёда аз 60 адад роҳхат барои шинос шудан бо ҷойи корӣ гирифтанд.

Дар умум, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки бори аввал аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ҷойҳои холии корӣ пешниҳод карда шуданд, дар сатҳи хуб ташкил карда шуд. Рафти баргузории ярмарка аз тарафи шабакаҳои телевизионии “Шабакаи аввал”, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ба навор гирифта шуда, дар барномаҳои иттилоотии ин шабакаҳо намоиш дода шуданд. Дар замима расмҳои лаҳзаҳои ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ оварда шудаанд. ярмарка 2