Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи саноати сабук

006

Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук якшанбеи дуюми моҳи июн таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Ин қадами стратегии муҳим, ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд гардидани маҳсулоти саноатии рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти потенсиали содиротии кишвар мусоидат намуда, инчунин асос барои мувозинаи савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шуда метавонад.

Саноати сабук бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ бахусус барои занону духтарон мусоидат мекунад ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмини бозори дохилӣ соҳаи афзалиятноки ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди қайд аст, ки аз 29 марти соли 2019, №128 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» қабул шуд. Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом дар дохили кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои ниёзи мардум, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулот, таъмини шуѓли аҳолӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коркарди нахи пахта, пӯст, пилла, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудааст.

Соли 2018 нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати сабук нисбат ба соли 2017 тамоюли болоравӣ дошта, суръати афзоиш таъмин карда шудааст. Ҳиссаи саноати сабук бо дар назар доштани сектори пахтатозакунӣ дар ҳаҷми умумии саноат соли гузашта 11,3 фоизро ташкил дод.

Минбаъд низ дар самти рушди устувори саноати сабуки кишвар, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содироти маҳсулот тадбирҳо ба амал бароварда шуда, ҷиҳати иҷрои ин вазифаҳо дар ҳамбастагӣ бо корхонаю соҳибкорони истеҳсолӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои моддию техникӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук муборак бод ҳамкасбони гиромиқадр.