Ба имзорасонии ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест”

баимзорасонии созишнома

Дар санаи 15 июни соли 2019 зимни сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест” (муассиси ҶДММ “Ширкати куҳӣ ва саноатии Тоҷикистону Хитой”) доир ба таъсис додани корхонаи коркарди металлҳои нодир ва ранга ва лоиҳаи такмили тағйири саноати металлургияи рангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд.

Бояд иброз намуд, ки дар асоси захираҳои конҳои амалкунандаи ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”,истихроҷ ва коркарди маъдан аз 2,5 млн тонна дар як сол  то 6,0 (шаш) млн. тонна дар як сол  афзоиш дода мешавад.

Ҳамзамон, ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой ” тибқи захираҳои тасдиқшуда, ки дар таркибашон металлҳои ранга ва дигар унсурҳои металлҳои нодир доранд, тавассути комплексӣ истеҳсоли онҳоро ба роҳ мемонад. Инчунин бо ворид намудани ашёи хоми дорои файзнокии баланди металлҳои нодир ва ранга аз Федератсияи Россия, давлатҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳо дар хати технологии амалкунандаи истеҳсоли сурби металлии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой»  дар ҳаҷми 50000 тонна дар як сол, дар минтақаи саноатӣ воқеъ дар шаҳраки Истиқлол як сикли пурраи истеҳсолиро ташкил менамояд.

Бо ин мақсад, корхона барои ворид намудани технологияи пешрафтаи соҳаи металлургӣ ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар намуди сабиқаҳо, ки дорои арзиши баланди иловашуда мебошанд, чораҷӯӣ менамояд.

Барои азнавсозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва сохтмони иншоотҳои лоиҳавӣ, аз ҷониби муассиси ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест”  дар ҳаҷми 30,0 (си) млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.

Тибқи дурнамо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар минтақаи саноатӣ то 100,0 (сад) млн. доллари ИМА- ро ташкил дода, таъсиси  950 ҷойи кории нав дар назар аст.

Ин иқдом барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат намуда, инчунин заминаи устуворро барои зиёд намудани пардохтҳои андозӣ фароҳам меоварад.