РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Безымянный

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот муҳимтарин дастовардҳои истиқлолият мебошад.   

Эмомалӣ Раҳмон

22 сол қабл дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Аз баракати Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таъмин гардид, ки барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар остонаи ин ҷашни фархунда бо беҳтарин таманниёти нек аз номи кулли саноатчиёни мамлакат ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз 27-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро самимона шодбош гуфта, дар ин рӯзҳои таърихӣ пеш аз ҳама осудагӣ, сиҳатмандӣ, бахту иқбол, сарсабзӣ ва дастовардоҳои беш аз пешро таманно менамоем.

Бигзор, чароғи нурафшони Ваҳдати миллӣ ҳамеша фурӯзону љовидон ва равшангари роҳи имрӯзу фардои мо бошад.

 Бо эҳтиром, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон