Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 22-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

мачччлиисс
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи машваратиро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати иди Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, қайд карданд, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли маслиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.
Дар шароити кунунӣ танҳо таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат, ваҳдату ҳамдилӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо менамояд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурарзиш буда, ба некӯаҳволии халқамон ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт.
Сипас сухани табрикотии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулмаҳмадзода Зулфиқор ва котиби ташкилоти ибтидоии “Оли Сомон”-и Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав – Маҷидзода Некрӯз доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноилшавии тоҷикон ба сулҳу ваҳдати миллӣ шунида шуд.
Қайд гардид, ки Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯйи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ боз намуд.
Дар охир аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 нафар кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат билети ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

мачлисссс 2

мачлисссс

некруз

Маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологиящои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон