ДУ УНСУРИ АСОСӢ АЗ ХАТАРҲОИ ҶОМЕЪАИ ҶАҲОНӢ (ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ)

123456
Пеш аз ҳама мо бояд донем, ки мақсад, маром ва идеологияи терроризм ва экстремизм дар чист?
Терроризм – ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад ва истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳое, ки ба гурӯҳи алоҳидаи одамон алоқаманд мебошад.
Экстримизм – идеология радикалии диннӣ буда, асосҳои маънавии ҷомеа ва диндорони дини мубини Исломро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Албатта дар кадом шакл он набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад.
Дар оғози асри 21 инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм омиле аст, ки башариятро дар тамомим тӯли таърих ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.
Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, базаи иҷтимоии он ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст.
Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро ба миёни дигарон пиёда гардонанд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.
Бе асос нест, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” чунин қайд шуд: “Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд”.
Бадбахтона миллати тоқик низ мазаи талхи ин падидаҳоро аз дастони хоинони миллат ба мисли аъзоёни ТЭТ ҲНИ чашидааст.
Ҳизбе, ки соли 1992 хуни садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро рехта, қасдан шахсони обурӯманди миллатро нобуд карда буд. Ҳизбе, ки соли 2015 бори дигар кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун амалеро содир кард, ки ҳадафи душманонааш дар сатҳи ҷаҳон ба обрӯи Тоҷикистон зарба задан мебошад.
Бадбахтӣ ин аст, ки роҳбарияти нави наҳзат, ки дар хориҷ аз кишвар фирорӣ аст, то имрӯз ҷоҳталабӣ карда, дар Аврупо ҳангомафурӯшӣ мекунад. Роҳбарияти наҳзат дар ҳориҷи кишвар бо либоси нав ва бо ақидаҳои куҳна ба таҳдид ба давлату миллат, туҳматҳои нав ба нав мезананд. Аммо ҳоло ҳама ба ин ҳақиқати таърих расидаанд, ки агар ТЭТ ҲНИ намебуд, на ҷанг буду на хонавайронӣ, на ғам буду на мусибат, на зулм буду залолат, на фиреб буду на найранг, хуллас на ноамнӣ буду на бесуботӣ.
Айни ҳол роҳбарону пайравони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо ҳар баҳонае мехоҳанд масъулияти ин амали мудҳишро ба зиммаи гурӯҳ ё ашхоси дигаре вогузор кунанд.
Мо боварии комил дорем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъиятро дуруст баҳо хоҳанд дод ва мӯйро аз хамир ҷудо хоҳанд кард. Дар содир шудани чунин амали террористӣ масъулияти падару модарон ва кули ҷомеаи шаҳрвандӣ кам нест, зеро аз бемасъулиятӣ, бетарафӣ ва бепарвоии мо, ҷавонони тоҷик ба ташвиқоти бадхоҳон бовар карда, бо фармоиши саркардагони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ба чунин амали гӯшношунид даст заданд.
Боиси қайд аст, ки Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу низоъҳо, ва иғвогарӣ боз медорад. Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ, инчунин дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар манотиқ аз номи Ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд.

Абдуллоев Абдухалил
Мудири бахши кор бо кадрҳои
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон