Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар нимсолаи якуми соли 2019

b2f2a5bca2ec0c83dde9331d39baf5b2

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2019 ба марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли равон дар ноҳияи Данѓара ба фаъолияти ҶДММ «Файзи Карим» оғози расмӣ бахшида шуд.

ҶДММ «Бисот» ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмуи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машѓул мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаи якуми ҶДММ «Файзи Карим» истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, ошёнаи дуюми бино бошад, барои дӯхти сару либоси гуногун пешбинӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 50 нафар занону бонувони хонашин ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Давоми моҳҳои январ-июни соли равон аз ҷониби корхонаи мазкур 5 ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои гуногун истеҳсол карда шудааст.

Мавриди қайд аст, ки Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128 қабул шуд. Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар нимсолаи якуми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 6,2 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар ин давра беш аз 580,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 95,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 119,8 % – ро дар бар гирифт.

 Ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин дар моҳҳои январ-июни соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 (тонна)

диагррр сабук 1

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа 11441 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 2903 тонна зиёд мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ 5335,9 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбат ба ба ин давраи соли гузашта 3166,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст. Коркарди пӯсти чорво 267490 донаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2018 36154 дона зиёд буда, суръати афзоиш 115,6 % – ро дар бар гирифт.

Барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар ин давра ба маблаѓи 9,6 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Давоми моҳҳои январ – июни соли 2019 дар кишвар 401239 дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 79842 дона зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва бо риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

           Ҳаҷми истеҳсоли қолин дар моҳҳои январ-июни соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 (ҳазор м2)

диагррр сабук 2

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018, № 1511 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Имтиёзи мазкур бевосита ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ равона карда шуда, ба пасттар гардидани нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2014, №737 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» истеҳсоли қолинҳо дар ин давра ба 2092,6 ҳазор метри мураббаъ расонида шуд, ки нисбати нимсолаи якуми соли 2018 833,8 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Инчунин дар давраи амалишавии Барномаи мазкур, дар соҳа панҷ корхона, аз ҷумла се корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф ба фаъолият шуруъ намуда, ба иқтидорҳои соҳа 1,3 млн метри мураббаъ илова гардида, дар натиҷа беш 200 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли мебел дар моҳҳои январ-июни соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 (ҳазор сомонӣ)

диагррр сабук 3