Доир ба фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар нимсолаи якуми соли 2019

517349_1

 

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.
Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.
Нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 1247,4 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 168,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июн 12,4 ва дар 6 моҳ бошад, 10,5 %-ро ташкил дод.  Истеҳсоли семент ба 1,9 миллион тонна, хишт 51,3 миллион дона, газоблок 14,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 674,3 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 605,4 ҳазор дона ва шифер 386,7 ҳазор дона баробар шудааст.
сохтмон диаграма 1
Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 31,0 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 28,0 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27,0 %, “Сементи Тоҷик” 5,1 % назаррас мебошад.
сохтмон диаграма 2
Ҳаҷми содироти масолеҳ 33,9 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 20,8 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 13,1 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 33,7 миллион долларро ташкил медиҳад.Қисми зиёди воридотро кошин (9,2 миллион доллар), шиша (4,3 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (1,2 миллион доллар), гаҷкартон (1,4 миллион доллар) ташкил додааст.
Дар ин давра 745,0 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 433,0 ҳазор тонна, Афғонистон 280,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 31,8 ҳазор тонна содир гардидааст.
Содироти гаҷкартон 193,8 ҳазор донаро ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Исломии Афғонистон ташкил дод.
Нимсолаи якуми соли равон аввалин маротиба 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Зиркон”-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот карда шуд.
Дар 6 моҳи соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли семент “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, шифер ҶДММ “Муқим-1” дар ноҳияи Ёвон, корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ “Зиркон” дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ “Белтатекс”-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.
  Ҳамчунин ҶДММ “Сомоншифер” бо сармоягузории ширкати “Кусто Групп”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба азнавсозии таҷҳизотҳои технологӣ бо маблағгузории 300,0 ҳазор доллари ИМА оғоз намуд. Мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи якуми корхона бо иқтидори 400,0 ҳазор дона шифер моҳи октябри соли 2019 пешбинӣ шудааст.