Боздиди Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхонаи ҶДММ “Пакрут”

dav

 


Бо мақсади боздид аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхонаи  ҶДММ «Пакрут» Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Заробиддин Файзуллозода ва муовини якуми Вазир Шарифӣ Бахтиёр Маҳмуд  ба корхонаи мазкур ташриф ба амал оварданд.
Дар рафти шиносоӣ бо корҳо аз минтақаҳои кории корхона, аз ҷумла аз кони маъдани Пакрут, фабрикаи бойгардонӣ, полоишгоҳи Луфиғар, сехи пуркунандаи фазои коркардшудаи кони маъдан, бошишгоҳи кории Пакрут ва заводи гидрометаллургии Ваҳдат дидан намуданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳо дар истеҳсолот Вазири саноат ва технологияҳои нав ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда ишора намуда, ҷиҳати бартарафсозии он ба Чжан Ган менеҷери генералии корхонаи ҶДММ “Пакрут” дастуру супоришҳо дода, пас аз боздиди минтақаҳои корӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони муҳандисӣ – техникии корхона машварати корӣ баргузор гардид.
Қайд гардид, ки роҳбарияти корхона пеш аз ҳама корҳои истеҳсолиро танҳо дар асоси лоиҳаҳои тасдиқгардида ва тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, воридоти технологияҳои нав, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва хусусан гузоштани саҳм дар раванди расидан ба ҳадафи 4-уми миллӣ, яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” чораҳои судманд ва саривақтӣ андешанд.
Ҳамзамон аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи  бо забони давлатии тоҷикӣ, русӣ ва хитоӣ  ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва лоиҳаҳои кории корхона мавриди таъкид сурат гирифта, ба масъалаҳои иҷтимоии кормандон, риояи техникаҳои бехатарӣ, риояи одоби меҳнат ва муносибати дурусту якдигарфаҳмии байни кормандон, инчунин пешгирии ҳолатҳои садамавӣ диққати махсус дода, барои риояи онҳо ба масъулини корхона супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин ба роҳбарияти корхона барои зиед намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва аз 660 ҳазор тонна ба 1млн. 320 ҳазор тонна  дар як сол расонидани коркарди маъдан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

hdrpl
пакрут 1
mde
mde