Маросими муаррифии маҳсулотҳои истеҳсоли корхонаи ҶДММ “АКИА”-и шаҳри Душанбе бо корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд.

АКиааа 3434
Санаи 11 июли соли равон вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар корхонаи ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив индастри” маросими муаррифии маҳсулотҳои истеҳсоли корхона бо корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ доир ба натиҷаи фаъолияти корхонаи мазкур хусусан дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти пурмаҳсул ва мунтазами он Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуда, қайд карданд, ки мақсад аз ташкили истеҳсолоти замонавии автобусҳои гуногунтамға дар ҷумҳурӣ ин дар мадди аввал фароҳам овардани базаи техникӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивази воридот бо нархҳои нисбатан арзон мебошад.
Зикр гардид, ки пас аз ироаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз тарафи роҳбарият ва муттасадиён корхона бобати васлу насб намудани таҷҳизоти иловагӣ ҷиҳати фаъолияти пурра намудани корхона, хусусан барои ба роҳ мондани истеҳсоли баъзе қисмҳои алоҳидаи автобусҳо чораандешӣ шуда истодааст. Ҷиҳати васлу насби таҷҳизоти иловагии истеҳсолӣ то ба имрўз 4 платформа барои насб кардани кондитсионерҳои автобус, крани борбардор барои бардоштани кондитсионер то болои автобус, болғаи электрикӣ ва таҷҳизоти ёридиҳанда барои асбобҳои пневматикӣ ба корхона ворид карда шудааст.
Корхона дар давраи фаъолияти худ дар соли 2018 корхона 152 автобусро ҷамъу васл намуда, дар нимсолаи якуми соли 2019 боз 48 автобусро аз қисмҳои ҷамъу васлшавандаи воридотӣ, ҷамъу васл карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод намудааст.
Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 50 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.
Айни замон дар корхона 5 автобусҳои дар иқтидорҳои худи корхона истеҳсолшуда барои истифодабарӣ омода мебошанд, ки дар моҳи июли соли равон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешаванд.
Дар ин асно эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, моро водор месозад, ки ҳамкориҳои судманди тарафайнро бо шарикон хориҷӣ боз ҳам тавсеа ва тақвият бахшем.
Қайд гардид, ки мо боварӣ дорем, ки фаъолияти босуботи корхонаи муштараки тоҷикию туркӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, роҳандозии минбаъдаи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ дар шахсияти Шумо, дар самти таҳвили автобусҳои тайёр ва ташкили истеҳсолоти маҳслоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ба манфиати тарафҳо хоҳад буд.
Сипас аз ҷониби Саидзода Фирдавс Ҳамро муовини раиси шаҳри Душанбе, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафъат Куксал ва директори генералии корхонаи ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив индастри” доир ба фаъолияти пурсамар ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори ақида намуданд.
Пас аз маросими ифтитоҳӣ иштирокчиёни чорабинӣ аз раванди фаъолияти корхона яъне истеҳсоли автобусҳо шиносоӣ ба амал оварданд.
Зимни боздид аз ҷониби меҳмонон ба сифати маҳсулотҳои истеҳсолшаванда ва ҷамъу васли автобусҳо, хусусан автобусҳои 2 қабата баҳои баланд дода, қайд гардид, ки автобусҳои истеҳсолнамудаи корхона ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, талабот ба чунин намуди автобусҳо на танҳо дар дохил балки хориҷи кишвар низ ба чунин маҳсулоти сифати баланд зиёд аст.

АКиа аав

АКИА ывфвывфыв

АКИА баромад

Акиаааваыввв

АКИА 789456435 АВТОБУС АКИА акиа 5555555    акиааааааааааввввава