Маълумотнома оид ба фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар нимсолаи якуми соли 2019.

1017156668

Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз тарафи корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 3052,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҳми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,6% ҳаҳми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҳумҳуриро ташкил намуданд.

Дар ин давра ҲДММ КМ “Зарафшон”,  ҲДММ КМ “Анзоб”, ҲДММ  “Шимшо”, ЧДММ “Пакрут” ва ҲДММ “Гули Мурод” ҳаҳми истеҳсоли маҳсулотро зиёд истеҳсол намуданд, аз ҳумла:

  • тилло 151,4 %,
  • нуқра 132,5 %,
  • хокаи руҳ 107,9 % ё ин, ки 2891,5 тн зиёд,
  • хокаи сурма 130,5 % ё ин, ки 8701,4 тн зиёд мебошад.

Ҳаҷми фурӯши маҳсулот 2733,1 миллион сомонӣ ва ҳаҳми содироти маҳсулот 1546,6 миллион сомонӣ ё ин, ки 164,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳисоби умумӣ тиллои ба фурӯш бароварда, аз тарафи Бонки миллии Тоҳикистон, Вазорати молияи Ҳумҳурии Тоҳикистон ва корхонаҳои заргарии ҳумҳурӣ харидорӣ шудааст, ки ин 100 % -ро ташкил мекунад,

Барои рушди соҳа сармояи хориҷӣ ба маблағи 266,6 миллион сомонӣ  (28,2 млн доллари ИМА) ҷалб карда шудааст.

Бояд иброз намуд, ки  шумораи кормандони соҳа дар ин нимсола 8820 нафар буда, музди миёнаи меҳнати як нафар корманд 3598 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз ҳумла, шумораи кормандон 590 нафар ва  музди миёнаи меҳнат 343  сомонӣ зиёд мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки хокаҳои истеҳсолнамудаи корхонаҳо ба таври яклухт дар асоси шартномаҳои ҳамкории дорозмӯҳлат харидорӣ шуда, тибқи нархномаи биржаҳои фурӯши металлҳои рангаи Лондон фурӯхта мешавад.

Ҳамзамон ҳиҳати равнақ додани соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҳойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолии ҲДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони “Кумарғи боло”- и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ҲСК “Равшан”- истеҳсоли  маҳсулоти заргарӣ ва ҳавоҳиротӣ дар ш. Душанбе ва ҶСП «ТАЛКО Голд» истеҳсоли тилло ва хокаи сурма дар давраи ҳисоботӣ идома дорад.