Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019

Без имени-1
Саноатчиёни мамлакат ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи асосии фаъолияти Ҳукумат арзёбӣ гардидааст, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи кори худ барои соли 2019 қарор додаанд.

metalurgia

Дар нимсолаи якуми соли 2019 тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 11 млрд 923,3 млн сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 112,5%, ё ин, ки 1 млрд 502,8 млн сомонӣ зиёд гардид.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 118,6% (17,5 млн сомонӣ зиёд), саноати маъдани кўҳӣ 107,5% (211,7 млн сомонӣ зиёд), саноати масолеҳи сохтмон 115,6% (168,8 млн сомонӣ зиёд), саноати сабук 119,8% (95,8 млн сомонӣ зиёд), саноати мошинсозӣ 115,0% (107,1 млн сомонӣ зиёд), саноати табъу нашр 177,4% (49,6 млн сомонӣ зиёд), саноати хўрокворӣ 110,0% (217,6 млн сомонӣ зиёд), нафт ва газ 108,1% (5,3 млн сомонӣ зиёд) ва энергетика 127,9%-ро (740,4 млн сомонӣ зиёд) ташкил дод.
Дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли 2019 ҳиссаи соҳаи энергетика 28,4%, саноати маъдан 25,6%, саноати хўрокворӣ 20,0%, саноати масолеҳи сохтмон 10,5%, саноати мошинсозӣ 6,9%, саноати сабук (корхонаҳои пахтатозакунӣ) 6,2%, саноати табъу нашр 1,0%,  саноати ангишт 0,9% ва саноати нафт ва газ 0,6%-ро ташкил медиҳад.

42634044_2169788893091285_321239703787405312_o  тиииило

Рушди соҳаи саноати истихроҷи маъдан аз ҳисоби 9,7 фоиз афзоиш ёфтани истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ ва 7,7 фоиз зиёд гардидани истихроҷи маводи энергетикӣ таъмин карда шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз 12 зерсоҳаи соҳаи саноати коркард суръати рушд дар ҳама 10 зерсоҳа таъмин гардид, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти резинӣ, пластмассӣ ва ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 110,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулот аз чўб маҳсулот аз чўб ва қоғаз, фаъолияти табъу нашр 144,0 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 101,7 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти нафт 104,6 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, нўшокиҳо ва тамоку 105,0 фоиз, истеҳсоли кимиёвӣ 120,0 фоиз, истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 119,2 фоиз, истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот, ба дигар гўруҳ дохил нашуда 139,5 фоиз, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 131,5 фоиз, дигар истеҳсолот, таъмир ва насби мошин ва таҷҳизотҳо 164,4 фоиз таъмин гардид ва дар 2 зерсоҳа суръати рушт истеҳсоли нассоҷӣ, дўзандагӣ, чарм, маҳсулот аз чарм ва пойафзол 94,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти фармасевтикӣ 83,1 фоиз таъмин нагардид.
Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли 2019 дар саноати коркард 53,5%, нерўи барқ 28,4% ва саноати истихроҷ 18,1%-ро ташкил дод.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард 112,6%, истеҳсол ва тақсими нерўи барқ, газ ва гармӣ 109,0% ба вуҷуд омадааст.
Дар давраи ҳисоботӣ рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд -108,3% (523,8 млн сомонӣ зиёд), вилояти Хатлон -109,9% (381,4 млн сомонӣ зиёд, ВМКБ -100,0%, шаҳри Душанбе -122,8% (251,5 млн сомонӣ зиёд)  ва НТҶ -160,0% (448,6 млн сомонӣ зиёд)-ро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 11 млрд 923,3 млн сомонӣ расид, ки аз ин ба маблағи 11 млрд 381,4 млн сомонӣ (95,5%)-и он ба фурўш бароварда шудааст.

фҷввҷ

Вазорат бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин зиёд намудани ҳаҷми содирот як зумра корҳоро ба анҷом расонидааст.
 Ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда аз ҷумҳурӣ зиёда аз 5 млрд 380,7 млн сомониро (570,6 млн доллари ИМА) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401,9 млн сомонӣ (42,6 млн доллари ИМА) ё 108,1% зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 4 млрд 478,6 млн сомонӣ (474,9 млн доллари ИМА) ба соҳаи саноат рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260,8 млн сомонӣ (27,6 млн доллари ИМА) ё 106,2% зиёд гардид.
Дар ин давра алюминии аввалия -48,7 ҳазор тонна, маъданҳои тозакардашуда -153,5 ҳазор тонна, семент -746,8 ҳазор тонна, ангишт -7,1 ҳазор тонна, намак -490 тонна, ресмони пахтагӣ -9,5 ҳазор тонна, чарм -1,8 ҳазор тонна, маҳсулоти консервагии меваю сабзавот -90 тонна, шарбатҳои ва шираи растаниҳо 349 тонна, нахи пахта 35,3 тонна, масолеҳи рангубор 73,4 тонна, гаҷкартон 140,7 ҳазор донна ва сангҳои ороишӣ 356,6 м2 ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

1414968172_tekstil-stanki

Афзоиши ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ба монанди металли №1 -151,5%, металли №2 -132,6%, хокаи сурма -130,5%, маҳсулоти заргарӣ -139,3%, хокаи сурб -108,0%, ангишт -118,3%, пахтаи курпабоб -146,4%, маҳсулоти кашбофӣ -111,1%, риштаи пахтагин -125,9%, газворҳои пахтагин -132,2%, матоҳои нобофта -2,3 баробар, матои адрас -3,3 баробар, қолинҳо -166,2%, либоси мактабӣ -124,5%, мебел -129,5%, алюминии аввалия -109,5%, профилҳои алюминӣ барои дару тиреза -139,8%, қубурҳои пластикӣ -132,9%, коркарди пўст -115,6%, фториди алюминий -121,1%, криолит -118,2%, риштаи полипропиленӣ -4,1 баробар, маҳсулоти пластмассагӣ -9,6 баробар, шампун -2,7 баробар, моеъи зарфшўи -178,1%, маҳсулоти қаннодӣ -117,8%, оби маъданӣ -118,3%, хишти бинокорӣ -106,5%, хишти роҳрав -171,3%, сачоқчаҳои намнок -108,5%, қоғаз -2,2 баробар, маҳсулоти нашриётӣ -160,9%, рўзномаҳо -120,8%, асфалт -2,2 баробар, битум -127,9%, бозичаҳои кўдакона -2,6 баробар, профилҳои пластикӣ -4,6 баробар, мошинҳои кишоварзӣ (трактор) -3,1 баробар, ранг -136,6%, арматура -120,5%, трасформатор -145,6%, орд -100,5%, хўроки паранда -2,2 баробар, намаки ошӣ -144,6%, коркарди намаки ошӣ -125,8%, истеҳсоли гўшт -109,1%, ҳасиб -119,4%, маҳсулоти ширӣ -100,2%, равғани растанӣ -123,7%, консерваҳои меваю сабзавот -138,7%, меваи хушк -114,4%, нўшокиҳо -120,2%, семент -108,9%, тахтаҳои асбесту сементӣ -2,2 баробар, оҳаки бинокорӣ -3,3 баробар, гаҷ санг -130,4%, қуму шағал -132,6%, тахтасангҳои мармарӣ -2,5 баробар, ширеш -138,5%, хишти сабук -2,3 баробар, ротбанд -134,3% ва маҳсулотҳои дигар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда шуд.

5ш

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст.
Дар шаш моҳи соли 2019 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ дар ҳаҷми 219,8 млн сомонӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2019 дар ҷумҳурӣ 125 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1563 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шудаанд.
Вазорат дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои судманд меандешад.