Ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар нимсолаи якуми соли 2019

5a746c804e67f94c449047683416efde
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба 1 июли соли  2019 истихроҷи ангишт аз ҷониби 10 корхонаи соҳа дар 8  кон ба 715,4  ҳазор тонна ба маблағи 111,1 млн сомонӣ истихроҷ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 111 ҳазор  тонна  ё 118,3 % зиёд  мебошад. Захираи ангишти дар анбори корхонаҳо бо назардошти бақияи соли сипаригардида зиёда аз 350  ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

АНгиииИШТ

Ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 63 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 37 фоиз, инчунин бо тарзи кушод 93,5 фоиз ва зеризаминӣ 6,5 фоизро (46703 тонна) ташкил дод. 96,2 фоизи ангишти истихроҷ кардашуда, ба корхонаҳои дар вилояти Суғд ҷойгирбуда, рост меоянд.
Дар назар аст, ки то охири соли равон аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ истихроҷи ангишт бо тарзи зеризаминӣ ба 11,6 % ва кушод 88,4 % расонида мешавад.
Дар ин давра фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 717,4 ҳазор тонна аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2    59 % аз ҳаҷми умумии фурӯши ангишт, корхонаҳои саноатӣ 34 %, аҳолӣ-        5,5 %, муассисаҳои буҷетӣ – 0,5 % ва содирот 1,0 %-ро ташкил дод.
Таҳлилҳо нишон дод, ки аз ҳисоби зиёд гардидани талаботи МБГ-2 шаҳри Душанбе ба ангишт, харидории он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 133,7 ҳазор тонна зиёд гардидааст. Дар баробари ин, харидории ангишт аз ҷониби аҳолӣ бошад  36,7 % ва содирот 63,5 % коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми содироти ангишт дар давраи ҳисоботӣ  7049 тонна аз ҷумла, ба ҷумҳуриҳои Исломии Покистон -6971 тонна ва Ӯзбекистон – 78 тоннаро ташкил  дод.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ ба Маркази барқу гармидиҳии 2  шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли равон 424284,5 тонна ангишт кашонида шудааст.

Ангишт2

Мувофиқи маълумоти фаврӣ қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳолати 1 июли соли 2019 дар назди КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” 31 млн сомонӣ ва ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” 21,3 млн сомониро ташкил медиҳад.
Новобаста аз он, ки маблағи ангишти таҳвилшуда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 44,4 млн сомонӣ зиёд гардида бошад,  вале  қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” – 13,1 млн сомонӣ зиёд ва пардохти маблағ дар навбати худ бошад 12 млн сомонӣ кам шудааст. Зарур аст, ки масъулини ШСХК “Барқи Тоҷик” иҷрои банди 3.9-и нақша чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 марти соли 2019,  №117  “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” пурра таъмин намоянд.
Сари вақт иҷро накардани ШСХК “Барқи Тоҷик”  уҳдадориҳои худро, боиси яке аз сабабҳои иҷро нагардидани корҳои қабаткушоӣ ва зеризаминӣ гардидааст.
Новобаста аз мушкилотҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”, Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик”, КФ “Зиддӣ” ва ҶДММ “Қудрат-210” чораҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 33,2 млн сомонӣ техникаҳои карерӣ ва таҷҳизот барои тарзи зеризаминӣ  харидорӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 9 млн сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти техника ва технология имкон дод, ки шумораи кормандон дар корхонаҳои дар боло зикргардида нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 77 нафар зиёд гардидааст.
Корхонаҳои соҳа дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки соли равон истихроҷи ангиштро ба 2 млн тонна расонанд, ки ин дар таърихи соҳа нишондоди баландтарин ба ҳисоб меравад.
Ангишт 3
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби  Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ба маблағи 20,5 млн сомонӣ 5 экскватор, 1 борбардор ва дастгоҳи пармакунӣ ва таҷҳизоти шахтавӣ харидорӣ карда шуд. Ҳамзамон, ба маблағи 4,4 млн сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ барои экскватори калонҳаҷм ЭКГ-5 ва 10 Белаз харидорӣ карда шудааст.
Тавре аз таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои соҳа бармеояд, мушкилиҳои асоси корхонаҳои соҳа пеш аз ҳама норасогии маблағҳои гардон, сари вақт пардохт нагардидани маблағҳои ангишти таҳвил додашуда аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик”,  ҳаҷми аз меъёрҳо зиёди сарбориҳои андозӣ аз ҷумла, мушкилии пардохти маблағи “Бонуси обунавӣ” ва саривақт тамдид нагардидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқӣ истифодабарии қаъри замин барои истифодаи конҳо ба ҳисоб мераванд.
Корхонаҳои соҳаи саноати ангишт  новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ ва техникӣ  ҷиҳати таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо ангишт, махсусан Маркази барқу-гармидиҳӣ тамоми чораҳоро дида истодааст.