Маълумот оид ба вазъи истеҳсоли либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ

6
Ҷиҳати рушди истеҳсолот, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазир истеҳсол намудани либоси мактабӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда шудааст.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.
Тибқи қарори мазкур фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд, ки имтиёзи мазкур бевосита ба пасттар гардидани нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки роҳандозии истеҳсоли либоси мактабӣ дар кишвар метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда,  ба ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва дар ин замина ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.
Ба бар намудани либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ дар замири хонандагон ҳисси баланди зебоипарастӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, озодагии хулқу атвори ҳамидаро тарбия намуда, ба болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши босазо дорад.
Дар ҷумҳурӣ солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли афзоиш дошта, соли 2014 – 79 ҳазор, соли 2015 – 526 ҳазор, соли 2016 – 1 млн. 7 ҳазор, соли 2017 – 1 млн. 81 ҳазор ва соли 2018 1 млн 128 ҳазор донаро ташкил додааст.
Аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин, аз якуми январи соли 2018 Стандарти давлатии “Либоси мактабӣ” ба тасвиб расидааст, ки корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи стандарти мазкур либосҳои мактабӣ истеҳсол намуда истодаанд.
Дар соли хошини 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм талабот ба либоси мактабӣ 985 ҳазор дона нақшабандӣ карда шудааст.
Давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 53 корхонаҳо тибқи ҳисоботи оморӣ дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 79 ҳазор дона зиёд мебошад.
Дар аксарияти корхонаҳои соҳа ба монанди «Гулистони Душанбе», «Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут-2000», «Нассоҷи Хуҷанд»,  «Зинат», «Ҳусния-Б», «Ниҳол», «Даҳбед», «Ресандаи Қурғонтеппа», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Алишер АСК», «Само и  К», «Кохи Бонувон»  ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ ба пуррагӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.
Дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» сикли пурраи коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, дар баробари истеҳсоли ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, инчунин матои омехта (аз нахи пахта ва нахҳои синтетикӣ) истеҳсол мегардад, ки имконияти қисман таъмини корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар миқёси ҷумҳурӣ теъдоди умумии хонандагон 1,9 млн. нафарро ташкил дода, иқтидори корхонаҳои дӯзандагии кишвар баҳри пурра таъмини онҳо бо либоси мактабӣ басанда мебошад ва дар ҳолати сари вақт, сифатнок ва назорати ҷиддии масъулин имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаю коргоҳҳои дар давоми сол фароҳам оварда шуда, хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Қитъаи порагарӣ Коргоҳи дӯзандагӣ -1 32