Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

48346962311_d9eb50af25_k

   Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

   Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони кордону масъулиятшинос ва дорои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таъин гардиданд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона,  вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

48346961086_63d8e9f220_k 48347097067_e3f8b2fcad_k 48347097647_0a1e42a254_k 48347098542_f3abdc3b40_k