Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

    Субҳи рӯзи 26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид ба амал оварда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос хоҳанд шуд.

48377065741_9837020cb0_k 48377215292_b9c50b33e6_k