Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд

48420271861_e8312112cf_z

   Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Таджибаев, Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Сингх, Ҷумҳурии Исломии Покистон Имран Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Меттию Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии Корея Кан Джэ-квон, Босния ва Гертсеговина Самир Веладзик, Ҷумҳурии Колумбия Алфонсо Лопес Кабалеро, Австралия Грейм Михан ва Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия Гирма Тамесген Баркесса ба таманиёти неку шодбошии роҳбарони давлатҳояшон эътимоднома супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро барои оғози иҷрои вазифаи Сафири давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуданд, ки сафирони навтаъин дар фаъолияти самараноки дипломатиатии худ ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва кишварҳояшон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистоқлолӣ сиёсати фаъоли хориҷии дарҳои боз пеш гирифта шуда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ дода мешавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони навтаъин дар рафти иҷрои вазифаи сермасъулияти сафирӣ бо Тоҷикистон шиносоии бештару наздик пайдо карда, саҳми арзандаашонро дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ мегузоранд.

48420285076_db320d3894_z

48420284791_6effcbdf7f_z

48420437717_efc5e2332f_z

48420284141_d74d21feea_z

48420437072_a5746bf1f1_z

48420264461_c026569187_z

48420282131_4be07ccf6f_z

48420434547_0c489c79f0_z

48420434037_689521273c_z

48420280081_3e4e9ff286_z

48420278901_08993803de_z

48420431317_579a5b557d_z

48420430067_b8804ce6b4_z

48420428972_34f4b03f53_z

48420427857_43744b4f88_z

48420274546_e121bca9a4_z

48420425572_77c508504d_z

48420425952_163375d399_z

48420425317_6cd01be935_z

48420270256_e33e8d7512_z

48420420532_d0c7e8a368_z