Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Ваҳдат ба истифода доданд

48437303521_15a9dacdfa_z

    Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Вахдат 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.

Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё-иншоот» ба анҷом расонидаанд.

Майдони Нишони давлатиро гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ зебою назаррабо гардонида, инҷо ба мавзеи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ëфтааст.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ саҳн ва атрофи иншооти мазкур басо зебою диданӣ мешавад.

Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулин вазифадор гардиданд.

Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он бахусус шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо низоми муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.

Дар шафати Нишони давлатӣ барои сокинон майдони сайру саёҳат низ сохта шуда, ин мавзеъ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

48437451222_d0d7874c62_z

48437450857_f08f67016c_z

48437304026_102f9f514b_z

48437450377_99cb9d47f0_z