Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат шинос шуданд

48437680282_1de65ee9cb_z

    Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист, шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мазкур ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои таъмирӣ дар ин масир бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонида шудаанд. Анҷоми корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» бар уҳда дошта, талаботи стандарти роҳсозӣ пурра ба инобат гирифта шудааст.

Сафарбарнамоии техникаву механизми ҳозиразамони мумфаршкунӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва риояи пурраи талаботи роҳсозӣ дар сари вақт ва сифатнок ба сомон расидани корҳо замина гузоштааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози корҳои таъмирӣ то имрӯз дар ин иншоот барои тахту ҳамворкунӣ, хобонидани сангу шағал, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ беш аз 20 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар намудаанд. Ҳаҷми умумии асфалти истифодашуда дар роҳи мазкур ба 1900 тонна баробар гардидааст.

Роҳи навтаъмир маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти Бозорбой Бурунов мепайвандад. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ин роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ аҳолӣ, хосса ронандаҳо дар вақти рафту омад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд. Ҳоло бо таъмири пурра гардидани роҳи мазкур мушкили чандинсолаи аҳолии деҳаҳои ҳамшафат ва дигар мусофирону ронандагон аз байн рафт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев миннатдорӣ изҳор доштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат ҷиҳати минбаъд низ иҷро намудани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳи мошингарди деҳаи Меҳробод аз ду самт бо хати ҳаракат таъмин буда, пурра аломатгузорӣ шудааст. Таъмири ин роҳи мошингард идомаи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, он дар дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи устувор хоҳад гузошт.