Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беморхонаи марказиро ифтитоҳ намуданд

48583476712_2f543f38c7_z

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна буда, дар муддати кӯтоҳ барои 60 кати хоб сохта шудааст.

Фармоишгари асосии иншоот Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон» анҷом додаанд.

Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхонаи марказӣ 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, таваллудхона ва шуъбаи кӯдакона мавҷуд аст. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмати муосири тиббӣ мерасонанд.

Бояд таъкид намуд, ки то имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин харҷи зиёд талаб мекард. Акнун баъди бунёди бинои нави беморхонаи марказӣ, ки он дорои шароити хуби ташхису табобат мебошад, мушкилоти чандсолаи сокинон бартараф гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии беморхона баҳои баланд доданд ва ҳангоми суҳбат бо табибон онҳоро ба хизмати софдилона ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати хуб бо корафтодагон ҳидоят намуданд.

Ба истифода додани бинои нави беморхонаи марказии ноҳия туҳфаи арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба ҳисоб меравад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имкон фароҳам овард, ки 40 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шаванд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон сохтмони як зумра иншооти нави маъмурию хизматрасонии дигар идома дорад.

48583332056_76b1601365_z

48583331006_25d630029f_z

48583329626_916d6e4cfa_z

48583473967_05940bc6c5_z

48583472827_40bd2deab6_z

48583469172_0e28a1e7bc_z