Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд

48583677906_4646502218_z

     20 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр дар арафаи таҷлили сазовори 28-умин cолгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил намуда, атрофи он дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар паҳлӯи Парчам пояи Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд. Баландии пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деспе Газ” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 200 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳанд.

Зимни сохтмон бо дарназардошти сайругашти сокинону меҳмонон 20 нишастгоҳ ва чароғҳои равшанидиҳанда насб шудаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан — Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд дар майдони назди он чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст.

48583697616_30903938b8_z

48583840932_711d29c773_z

48583837842_38b9cc016b_z

48583822932_1f0e5bb32d_z

48583667911_c48beb2a4e_z

48583660751_284bf4f243_z

48583808212_2a95d37643_z

48583800987_e15ae983dc_z

48583792952_3c79e79f7d_z