Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад

1014970163

   Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ  афзалиятҳои сиёсати саноатии кишварро дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, сармашқи кори худ намуда, тибқи ҳисобот дар моҳи июли соли 2019 ба маблағи 163,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро назар ба моҳи июли соли 2018 103,6 % таъмин намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  назар ба моҳи июли  соли 2018  ба маблағи 5,7 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

   Дар 7 моҳи соли 2019 бошад, корхонаҳои соҳа дар маҷмуъ ба маблағи 985,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 105,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Суръатафзоии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 111,9 % ташкил дод.

   КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  дар давраи ҳисоботи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 248,5 млн. сомонӣ расонид, ки  назар ба нишондоди  ҳафт моҳаи соли 2018, 8177,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 103,4 % таъмин карда шуд.

   Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ширкат дар ин давра ба 57425 тонна баробар гардид, ки назар ба 7 моҳи соли  2018–ум  2319 тонна зиёд мебошад. Суръатафзоӣ  104,2 %-ро ташкил медиҳад.

   Ба санаи 13 июли соли 2019  нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 1741 доллари ИМА баробар  шудааст, ки назар ба моҳи июни соли равон, нархи алюминий 11 доллари ИМА зиёд мебошад.

    Дар ширкат 6313 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи  онҳо 1275,0 сомониро ташкил медиҳад.

   Аз захираву имкониятҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар 7 моҳи  соли 2019 дар маҷмуъ 4550 тонна алюминийро коркард намуда, нисбати нишондоди 7 моҳаи соли 2018 230 тонна зиёд буда, суръати афзоишро 105,3% таъмин карданд.

   Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар ин давраи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия, 56,4 ҳазор тонна (102,5 млн.доллар), маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ ва қубурҳои металлӣ   ба маблағи  26,4 млн. сомонӣ   дар умум ба маблағи 996,4 млн. сомонӣ  ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо,  ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон  содирот намуданд.

   ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» бо дарназардошти  масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфта аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор ва криолит шуруъ намуд.

   Корхонаи мазкур дар  7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 31,8 млн сомонӣ расонид, ки  назар ба нишондоди  ҳамин давраи  соли 2018   1,9  млн сомонӣ кам мебошад.

   Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар ин давра ба  монанди алюминии фтордор 2277,3 тонна баробар гардид, ки назар ба ҳамин давраи  соли  2018 807,0 тонна кам буда, суръати афзоиш 73,8 фоиз таъмин гардидааст. Инчунин  дар ин давра  дар ҳаҷми 360,6 тонна криолит истеҳсол  гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 тонна кам буда, суръати афзоиш 98 фоиз таъмин карда шудааст.

   ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 1534 тонна алюминии фтордор ба маблағи 20,8 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст.

   Ба КВД «Обу корезӣ»-и шаҳри Душанбе бошад 601 тонна коагулянт ба маблағи 1 млн 442 ҳазор сомонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 274 тонна кислотаи сулфат ба маблағи 698,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.

   Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 345,9 тонна криолит ба маблағи 2 млн 449 ҳазор сомонӣ ва 536 тонна фториди алюминий ба маблағи 6 млн 324 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 31,5 млн. сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.

   Айни замон дар корхона 545 нафар кормандон кору фаъолият доранд.

   Инчунин,  дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид, ки дар натиҷа 60 нафар ҷойи кори нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намудан 120 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.

   Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад.

   Дар 7 моҳи соли 2019 бошад, корхона ба маблағи 99,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 млн сомонӣ кам мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 95,1 % баробар таъмин карда шуд.

   Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 14568,9 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1463,6 тонна кам гардидааст.

   Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рўи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 намуд мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл  мебошад.

   Нархи фурўши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 860 доллари ИМА баробар мебошад.  Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон харидорӣ ва ворид менамояд.

   Дар ин давра корхонаи мазкур ба маблағи 2,6 млн сомонӣ (418 тонна) маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба Ҷумҳурии Ўзбекистон содирот намудааст.

   Ба ҳамин монанд корхона дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар заминаи он 41 нафар ҷойҳои кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1100 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.

   Хатҳои технологӣ ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд.

Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рўи ғафсии металл ва андозаашон то ба 30 намуд мерасанд, ки 10 намуди он профилҳои даврашакл буда, 20 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл  мебошанд.

   Нархи фурўши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 650 сомонӣ (бе ААИ) баробар мебошад.

   Иқтидори солонаи корхона 2500 тонна мебошад.

   Дар 7 моҳи соли 2019 бошад, корхона ба маблағи 21,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 127 % баробар таъмин карда шуд.

   Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ҳафт моҳ ба 2434,6 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1054,5 тонна кам гардидааст. Суръатафзоӣ 69,7 %-ро ташкил медиҳад.

Рушди соҳа сабаби зиёд гардидани ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҷойҳои нави корӣ мегарданд:

   Бояд зикр намуд, ки бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе 14-уми феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд.

   Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад.

   Аз оғози фаъолияташ корхонаи мазкур 152 адад автобусро ҷамъу васл намуда ба истифода додааст.

   Дар 7 моҳи  соли 2019  48 адад автобусро ҷамъу васл намуда,  ба фурўш баровардааст.

   Айни замон дар корхона бо саҳми бевоситаи мутахассисони омўзонидашуда 5 автобусҳои дар иқтидорҳои худи корхона истеҳсол гардида, барои истифодабарӣ омода мебошанд, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешаванд.

   Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 50 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.

   Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

   Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад.

   Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания”  то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

   Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардида, 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши балан таъмин гардиданд.

   Корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 44 тонна маҳсулот ба маблағи 122,5 ҳазор сомонӣ истеҳсол намудааст.

   Бояд қайд намуд, ки марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода истифода  қарор дода шуд, ки  бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад.

   Дар 7 моҳи соли 2019, корхона ба маблағи 14,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст (7 моҳи соли 2018, 6,1 млн сомонӣ). Дар ин давра 37 адад трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 9 адад тойбанд 18 адад ядак (прицеп) ва 2 адад экскаватори тамғаи ЭО -2621 ҷамъу васл карда шудаанд.

   Қарзи дебитории корхона ба аввали моҳи июли соли 2019 ба 11454,6 ҳазор сомонӣ баробар буда, қарзи кредитории он 58346,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

   Аз тарафи ҶСП «Агротехсервис»  моҳи декабри соли 2018 аввалин маротиба 8 адад тракторҳо ба Ҷумҳурии Ўзбекистон тариқи автомобилҳои боркаш интиқол дода шуд, ки аз ин шумора 4 адади он тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва 4 адади дигар, трактори сечархаи тамғаи «Беларус 80Х» мебошанд.

   Дар 7 моҳи соли ҷорӣ   корхона ба Ҷумҳурии Ўзбекистон (8 адад)   4 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 80Х» барои коркарди байни қаторҳои пахта ва 4 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1»    содирот намуд.

   Зимни ба фаъолият шуруъ намудани корхона 60 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Айни замон дар корхона ба таври реалӣ 49 нафар коркарон кору фаъолият менамоянд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад. Баъдан бо васеъ гардидани истеҳсолот шумораи коргарон низ зиёд карда мешаванд.

   Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ “Труба ва профилҳои тоҷик”-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд» ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.

   Дар соҳаи мошинсозӣ саноати мудофиа ва химия, айни замон ду корхона дар МОИ «Данғара»,  яке ҶДММ «ТК Ойл»-коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва ҶДДМ «Ауфен»-истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, бояд мавриди истифода қарор гиранд. Бо сабаби пурра ба итмом нарасидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ёрирасон ва дастрасии ашёи хоми нафтӣ ба истифодадиҳии ҶДММ «ТК Ойл» дар давоми сол пешбинӣ гардидааст.