Доир ба истихроҷ, фурӯш ва захираи ангишт дар ҳафт моҳи соли 2019

ооооо

Истихроҷи ангишт дар ҳафт моҳи соли равон  ба 959,2 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 111,0 ҳазор тонна (113 %) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 144,0  ҳазор тонна  (115 %) зиёд таъмин карда шуд. Дар ин дастовард саҳми КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” – 53,7 %, ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлур-гии Тоҷик”-20 %, ҶДММ “Талко Ресурс”-16,4 % , КФ “КА Зиддӣ”- 5,2 % ва дигар корхонаҳо-4,7 %-ро ташкил дод. Дар маҷмуъ тамоми корхонаҳо иҷроиши нақша ва уҳдадориҳои худро барзиёд таъмин намуданд.

Ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлати дар давраи ҳисоботи 62,5 фоиз ва бахши ғайридавлати 37,5 фоиз, инчунин бо тарзи кушод 94,2 фоиз ва зеризамини 5,8 фоизро (55,6 ҳазор тонна) ташкил дод.

Дар ин давра харидории ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 981,6 ҳазор тонна аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 589384,5 тонна (ё 60% аз ҳаҷми умумии фурӯши ангишт), корхонаҳои саноатӣ –315907,3 тонна (32,1 %), аҳолӣ- 58217 тонна (6 %), муассисаҳои буҷетӣ -9182,7 тонна (1 %) ва содирот 8824,1тоннаро (0,9 %) ташкил дод.

Таҳлилҳо нишон дод, ки аз ҳисоби зиёд гардидани талаботи МБГ-2 шаҳри Душанбе ба ангишт, харидории он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 194 ҳазор тонна зиёд гардидааст. Дар баробари ин, хусусан харидории ангишт аз ҷониби аҳолӣ бошад  21,3 % ва содирот 60 % коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми содироти ангишт  дар давраи ҳисоботӣ  8824,1 тонна аз ҷумла, ба ҷумҳуриҳои Исломии Покистон -8746 тонна ва  Ӯзбекистон – 78,1 тоннаро ташкил  медиҳад.

Мувофиќи маълумоти ҶСК “МБГ шаҳри Душанбе” ба Маркази барқу гармидиҳии 2  шаҳри Душанбе дар ҳафт моҳи соли равон 589384,5 тонна ангишт кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бе назардошти КВД “Талко”  202541,5 тонна зиёд мебошад.

Таҳвили ангишт аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” дар моҳи июли соли равон ба МБГ-2 шаҳри Душанбе   аз  конҳои ангишт    165  ҳазор   тоннаро ташкил дод, ки иҷрои наќша пурра таъмин гардид. Таҳвили ангишт аз аввали сол бошад, нисбат ба ҳамин  давраи соли сипаригардида 194 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ ќарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳолати 1 августи соли 2019 дар назди КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” 42,7 млн сомонӣ ва ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” 27,6 млн сомониро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”- 33,1 млн сомонӣ кам  маблағ пардохт карда шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани истихроҷу таъминот ва таҳвили ангишт зарур аст, ки ШСХК “Барќи Тоҷик” иҷрои банди 3.9-и Наќша чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 марти соли 2019,  №117  вобаста ба пардохти саривақтии маблағи ангишт ва ќарзи он чораҳои қатъи андешад.

Сари ваќт иҷро накардани ШСХК “Барқи Тоҷик”  уҳдадориҳои худро, боиси яке аз сабабҳои иҷро нагардидани корҳои қабаткушоӣ ва зеризаминӣ гардидааст.

Ҳаҷми корҳои қабаткушои дар корхонаҳои соҳа ба 4,8 млн м3 расонда шуд, ки нисбати нақша 89,3 фоизро (564,4 ҳазор м3 кам) ташкил дод. Қафомони аз рӯи нақша дар давраи ҳисоботӣ, асосан ба ҶДММ “Талко-Ресурс”-60,2 фоизи нақша меояд. Ҳаҷми корҳои  нақбканӣ ва омодасозӣ бошад ба 5509 м/ тулонӣ  ва корҳои  таъмиру барқароркунӣ 2407 м/ тулонӣ (п/м)  расонда шудааст.

Новобаста аз мушкилотҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо маќсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ “Шахтаи “Фон-Яѓноб”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”, Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик”, КФ “Зиддӣ” ва ҶДММ “Қудрат-210” чораҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 40,7 млн сомонӣ 48 техникаву таҷҳизоти нави куҳкорӣ харидорӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида маблағгузорӣ 15,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти техника ва технология имкон дод, ки шумораи кормандон дар корхонаҳои дар боло зикргардида нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 80 нафар зиёд гардидааст.