Вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариш ва тақвияти ҳамкориҳо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

Имрӯз санаи 30.08.2019 дар бинои Вазорат вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин Қудрат бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар соҳаи саноат, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави муштараки саноатӣ ва дигар масъалаҳо қобили таваҷҷӯҳ табодули афкор анҷом доданд.

Аз ҷумла Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии кишвар  саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидан маълумот дода қайд намуданд, ки айни замон дар соҳаи саноат аз ҷумла соҳаи саноати сабук, хӯрокворӣ, маводҳои сохтмон, ангишт ва канданиҳои фоиданок имкониятҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо фарроҳ буда, Вазорат омодааст ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави муштарак оид ба коркарди нахи пахта, пӯст ва пашм, таъсиси марказҳои логистикӣ дар заминаи корхонаҳои амалкунандаи ватанӣ ҳамкориҳои судмандро ба ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монад.

Ҳамзамон, иброз намуданд, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон як қатор имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ пешбини гардидааст, ки барои фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон дар қаламравӣ кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Дар навбати худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ оид ба дастовардҳо ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ мамлакат ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон манфиатдор ва омодаи густариш ва тақвияти ҳамкориҳо  бо кишвари ҳамзабон – ҳамфарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Дар ин самт, Муҳаммадтақии Собирӣ қайд намуд, ки Ширкатҳои Эронӣ барои фаъолият дар Тоҷикистон омода буда, Сафорат Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оянда ҷиҳати ҷалби ин Ширкатҳо барои ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҳамтоёнашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Исломии Эрон талош хоҳад кард.

Дар фарҷоми вохўрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои имрўза байни ду кишварро баҳогузорӣ намуда, барои дар оянда боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.