Маълумот доир ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 8 моҳи соли 2019

HTB1.H2zKFXXXXX2aXXXq6xXFXXXu

 

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Дар 8 моҳи соли 2019 ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи август 12,0 ва дар 8 моҳ бошад, 10,9 %-ро ташкил дод.  Истеҳсоли семент ба 2,7 миллион тонна, хишт 104,0 миллион дона, газоблок 22,1 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 979,0 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 848,7 ҳазор дона ва шифер 662,3 ҳазор дона баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 47,5 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 28,7 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 19,1 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 47,6 миллион долларро ташкил медиҳад.Қисми зиёди воридотро кошин (11,0 миллион доллар), шиша (5,0 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (1,7 миллион доллар), гаҷкартон (1,9 миллион доллар) ташкил додааст.

Дар ин давра 1063,4 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 634,5 ҳазор тонна, Афғонистон 379,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 49,7 ҳазор тонна содир гардидааст.

Содироти гаҷкартон 325,5 ҳазор донаро ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Исломии Афғонистон ташкил дод.

Дар ин давра 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Зиркон”-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот карда шуд.

Дар 7 моҳи соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли семент “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, шифер ҶДММ “Муқим-1” дар ноҳияи Ёвон, корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ “Зиркон” дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ “Белтатекс”-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.

Корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ ҶДММ “Хорои Хуҷанд” дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иқтидори солонаи 20,0 ҳазор метри мураббаъ мавриди истифода қарор дода шуд. Маблағи сармояи он 2,0 миллион сомониро ташкил дода, дар он 30 ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Ҳамчунин ҶДММ “Сомоншифер” бо сармоягузории ширкати “Кусто Групп”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба азнавсозии таҷҳизотҳои технологӣ бо маблағгузории 300,0 ҳазор доллари ИМА оғоз намуд. Мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи якуми корхона бо иқтидори 400,0 ҳазор дона шифер моҳи октябри соли 2019 пешбинӣ шудааст.

ҶСП «Заводи асфалту бетон»-и ноҳияи Сино амалкунанда буда, ба истеҳсоли асфалт, маҳсулоти оҳану бетонӣ – ҷойборҳои обрав (лоток), бетон барои канори роҳ (бордюр), тахтасангҳои рохравӣ машғул мебошад.

Майдони корхона 1,5 га ро ташкил дода, дар он хати нави технологии асфалтбарорӣ насб гардид. Хати технологии асфалтбарорӣ тариқи лизинг аз давлати Италия оварда шуда, арзиши умумии он зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии хати технологии мазкур дар як шабонарӯз 2000 тонна асфалт мебошад.

Инчунин ба маблағи 50 ҳазор евро озмоишгоҳи замонавии ташхиси сифати асфалт ворид гардидааст. Дар корхона 25 ҷойҳои кории нав бунёд гардид.

        Дар асоси банди 1, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” барои истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ иҷозатнома зарур аст.

Мувофиқи низоми муқарраршуда корхонаҳое, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок машғуланд, бояд ҳар сол ба Вазорат ва Фонди давлати иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Тарози захираҳои канданиҳои фоиданоки шакли 5 КК-ро супоранд. Аммо ин амал аз ҷониби баъзе корхонаҳо дар мӯҳлати муайяншуда иҷро намешавад.

Аз рӯи маълумот аз 384 корхонаи ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул машғулбуда барои соли 2018 танҳо аз ҷониби 288 корхона ҳисоботи шакли 5 КК ба Вазорат пешниҳод шуда, 114 корхонаҳо ҳисоботро пешниҳод накардаанд. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, барои тартиб додани ҳисоботи солонаи Тарози захираҳои канданиҳои фоиданок монеагӣ меоварад.

Дар сурати пешниҳод нагардидани ҳисоботи шакли 5 КК  тибқи моддаи 168 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1100 то 1650 сомонӣ ва дар сурати такроран иҷро накардани талаботи мазкур ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 2200 то 2750 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Дар корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал ва хиштбарорӣ мутахассисони соҳаи маркшейдерӣ ва геологӣ  кам буда, як мутахассис кори якчанд корхонаро анҷом медиҳад, ки натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чунин мутахассисон дар Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова тайёр карда мешаванд. Роҳбарони корхонаҳо метавонанд тариқи роҳхат хатмкунандагонро ба кор ҷалб намоянд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 650 аз 28 октябри соли 1995 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии Хадамоти маркшейдерӣ ва Низомномаи Хадамоти геологӣ” бояд дар ҳар як корхонаҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ Хадамоти геологию маркшейдерӣ таъсис дода шавад.

Дар сурати мавҷуд набудани чунин хадамот дар корхонаҳо тибқи моддаи 405 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 5500 то 11 000 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардидааст.

Мунтазам фаъолият намудан ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, пеш аз ҳама мардуми кишварро бо ҷойҳои кории нав ва маоши доимӣ таъмин намуда, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мусоидат менамояд.

Мутаассифона, аксарияти корхонаҳои истеҳсоли хишт бо сабабҳои сард омадани фасли зимистон ва норасоии неруи барқ фаъолияти мавсимиро касб намудаанд. Аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз ҷумла, замин, об, барқ ва сарватҳои зеризаминӣ истифода бурда, барои ташкили фаъолияти мунтазам чораандешӣ намекунанд.

Зарур аст, ки соҳибмулкон ва роҳбарони корхонаҳо тавассути бунёди анборҳои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр истеҳсоли доимии маҳсулотро ба роҳ монда, дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузорӣ намоянд.