Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-августи соли 2019

Без названия

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2019 ба марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе, моҳи майи соли равон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти ҶДММ «Файзи Карим» ва моҳи август ба фаъолияти ҶДММ «Органик Ян» оғози расмӣ бахшида шуд.

ҶДММ «Бисот» ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмуи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаи якуми ҶДММ «Файзи Карим» истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, ошёнаи дуюми бино бошад, барои дӯхти сару либоси гуногун пешбинӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 50 нафар занону бонувони хонашин ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Давоми моҳҳои январ-июни соли равон аз ҷониби корхонаи мазкур 5 ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои гуногун истеҳсол карда шудааст.

ҶДММ «Органик Ян» воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов дар масоҳати 2 га бунёд ёфта, шумораи ҷойҳои корӣ 100 нафарро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 70 млн сомонӣ буда аз ҷумла, барои таҷҳизот 28,2 млн сомонӣ ва барои корҳои сохтмонӣ 41,8 млн сомонӣ равона гардидааст. Иқтидори корхона коркарди 5000 тонна нахи пахта дар як сол буда, риштаи пахтагин аз Ne16 то Ne42 истеҳсол карда мешавад.

Мавриди қайд аст, ки Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128 қабул шуд. Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар ҳашт моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 6,0 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар ин давра беш аз 795,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 142,7 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121,9 % – ро дар бар гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа 15170 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 2812 тонна зиёд мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ 6905 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 4535 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст. Коркарди пӯсти чорво 399426 донаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – августи соли 2018 78982 дона зиёд мебошад.

Барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар ин давра наздики 40,0 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Давоми моҳҳои январ – августи соли 2019 дар кишвар 933144 дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 150279 дона зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва бо риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018, № 1511 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Имтиёзи мазкур бевосита ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ равона карда шуда, ба пасттар гардидани нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2014, №737 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» истеҳсоли қолинҳо дар ин давра ба 2799 ҳазор метри мураббаъ расонида шуд, ки нисбати ҳашт моҳи соли 2018 1058 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Инчунин дар давраи амалишавии Барномаи мазкур, дар соҳа панҷ корхона, аз ҷумла се корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф ба фаъолият шуруъ намуда, ба иқтидорҳои соҳа 1,3 млн метри мураббаъ илова гардида, дар натиҷа беш 200 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд.