Қолинҳои дастӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ барои хона дар намоишгоҳи «HeimtextilRussia 2017»

        Коллексияи нави коркардшудаи борат аз қолинҳои дастӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ барои хона зери бренди миллии «La’alTextiles» дар Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулот инассоҷӣ барои хона ва матоъҳо барои ороиши дохили хона (интерьер) «Heimtextil Russia-2017», кисанаи 20-22 сентябри соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузоргардид, ба намоиш гузошташуд. Дар чорабиниизикршудаиштирокиҶумҳурииТоҷикистон бори аввал ба шумормеравад.
Маҳсулотҳо аз ҷониби корхонаҳои соҳава соҳибкорони инфиродие, ки иштирокчии лоиҳаи «Навсозӣва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид доир ба рушди саноат амалӣ шуда истодааст) мебошанд, истеҳсол карда шудааст. Маҳсулотҳои «La’alTextiles» боназардошти талаботи замон ва нақшу нигори миллӣ тайёр карда шудаанд. Баргузории ин намоишгоҳ 19 – умин дар шаҳри Москва ба ҳисобрафта, дар он зиёда аз 218 ташкилоту корхонаҳо аз 18 кишвар иштирок доштанд. Ширкатҳо аз давлатҳои Мексика, Олмон, Фаронса, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷопон, Туркия, Покистон, Озорбойҷон, Узбекистон
ва дигар давлатҳо бо пешниҳоди маҳсулот иштирокчии намоишгоҳи мазкур буданд. Дар намоиши мазкур брендҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Paradies (Олмон), HefelTextil (Австрия), ZERMATEX SA DE CV (Мексика), BetaWeavingFactory (Таиланд), GilanTextilePark (Озорбойҷон) ва дигарҳо маҳсулотҳои худро пешкаши тамошобинон намуданд.
Дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифовар дагон ба маҳсулотҳои пешкашшуда таваҷҷуҳ зоҳирнамуда, таассуротҳои некарзёбӣ намуданд. Мубодилаи афкор бомутахассисони соҳаи дизайн, ороиши хона, намоянда ҳоимағозаҳо, муаллимон, донишҷӯён, инчунин масъулини фурӯши маҳсулоти эксклюзивӣ тариқи интернет бештарсурат гирифт. Дар баробари ин бавоситаи экранҳо ролики доимо амалкунанда ва суратҳои коллексияи нав пай дар пай намоиш додашуд.
Имрӯзҳо «Heimtextil» дарҷаҳон яке аз машҳуртарин чорабинӣ дар самти намоиши маҳсулоти ороиши хона ба шумор меравад. Ғайр аз Федератсияи Россия, инчунин дар Олмон, ИМА, Ҷумҳурии Халқии Хитойва Ҳиндустон низ баргузор карда мешавад.
Боиси қайдаст, ки мақсад аз татбиқи лоиҳаи «Навсозӣва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолин бо фӣвасӯзани дӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (қолинҳои дастбоф ва сӯзанӣ), рақобатпазирӣ дар бозориистеъмолӣваафзуннамуданисодиротичунинмаҳсулот аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои ватанӣ баҳисоб меравад.