Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот намуданд

48781835117_fa76c53cfc_z

23 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ қадами устуворе дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои самарабахши дуҷониба хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди инфрасохтори гумрук, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани савияи ихтисоси онҳоро муҳокима карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот баррасӣ гардид.

48781662536_505b5bb7aa_z

48781662906_c1af1fb8f5_z