«Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад»

kd

 

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ  афзалиятҳои сиёсати саноатии кишварро дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, сармашқи кори худ намуда, тибқи ҳисобот дар моҳи августи соли 2019 ба маблағи 187,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро назар ба моҳи августи соли 2018 126,4% таъмин намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  назар ба моҳи августи  соли 2018  ба маблағи 39,2 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар 8 моҳи соли 2019 бошад, корхонаҳои соҳа дар маҷмуъ ба маблағи 1173,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 142,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Суръатафзоии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 113,8 % ташкил дод.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  дар давраи ҳисоботи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 281,6 млн. сомонӣ расонид, ки  назар ба нишондоди  ҳашт моҳаи соли 2018, 2,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 101,0 % таъмин карда шуд.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ширкат дар ин давра ба 65107 тонна баробар гардид, ки назар ба 8 моҳи соли  2018–ум  1114 тонна зиёд мебошад. Суръатафзоӣ  101,7 %-ро ташкил медиҳад.

Ба санаи 13 августи соли 2019  нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 1773 доллари ИМА баробар  шудааст, ки назар ба моҳи августи соли равон, нархи алюминий 19 доллари ИМА кам мебошад.

Дар ширкат айни замон 6270 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи  онҳо 1275 сомониро ташкил медиҳад.

Аз захираву имкониятҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар 8 моҳи  соли 2019 дар маҷмуъ 5860 тонна алюминийро коркард намуда, нисбати нишондоди 8 моҳаи соли 2018 930 тонна зиёд буда, суръати афзоишро 118,9 % таъмин карданд.

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар ин давраи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия,  63,6 ҳазор тонна ( 114,9 млн.доллар), маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ ва қубурҳои металлӣ   ба маблағи  38,6 млн. сомонӣ   дар умум ба маблағи 1186,8 млн. сомонӣ  ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо,  ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон  содирот намуданд.

-ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» бо дарназардошти  масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфта ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва каогулянт шуруъ намуд.

Корхонаи мазкур дар  ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 31,9 млн сомонӣ расонид.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар ин давра ба  монанди алюминии фтордор 2277,3 тонна баробар гардид, Инчунин  дар ин давра  дар ҳаҷми 373,3 тонна криолит ва 58,5 тонна каогулянт  истеҳсол  гардидааст.

ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 1534 тонна алюминии фтордор ба маблағи 20,9 млн сомонӣ ба  Федератсияи Россия содирот намудааст.

Инчунин  ба  КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 358,4 тонна криолит ба маблағи 2 млн 537 ҳазор сомонӣ ва 641 тонна фториди алюминий ба маблағи 7 млн 574 ҳазор сомонӣ,  дар маҷмуъ ба маблағи  10,1 млн. сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.

Ба КВД «Обу корезӣ»-и шаҳри  Душанбе бошад 705 тонна коагулянт ба маблағи 1 млн. 665 ҳазор сомонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 293 тонна кислотаи сулфат ба маблағи 746,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.

Айни замон дар корхона 545 нафар кормандон кору  фаъолият доранд.

-Инчунин,  дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид, ки дар натиҷа 60 нафар ҷойи кори нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намудан 120 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.

Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад.

Дар 8 моҳи соли 2019 бошад, корхона ба маблағи 117,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 млн сомонӣ кам мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 93,4 % баробар таъмин карда шуд.

Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 17308,5 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1939,5 тонна кам гардидааст.

Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 намуд мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл  мебошад.

Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 860 доллари ИМА баробар мебошад.  Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон харидорӣ ва ворид менамояд.

Дар ин давра корхонаи мазкур ба маблағи 4,2 млн сомонӣ (536 тонна) маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намудааст.

 

Рушди соҳа сабаби зиёд гардидани ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҷойҳои нави корӣ мегарданд:

 

Бояд зикр намуд, ки бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе 14-уми феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд.

Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад.

Аз оғози фаъолияташ корхонаи мазкур 162 адад автобусро ҷамъу васл намуда ба истифода додааст.

Дар моҳи августи соли ҷорӣ 10 адад ва дар  8 моҳи  соли 2019  58 адад автобусро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст.

Айни замон нархи як аадад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 50 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.

-Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад.

Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания”  то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардида, 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши балан таъмин гардиданд.

Корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 114 тонна маҳсулот ба маблағи 228,8 ҳазор сомонӣ истеҳсол намудааст.

-Бояд қайд намуд, ки марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода истифода  қарор дода шуд, ки  бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад.

Дар 8 моҳи соли 2019, корхона ба маблағи 15,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст (8 моҳи соли 2018, 9,2 млн сомонӣ). Дар ин давра 86 адад трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 32 адад тойбанд 18 адад ядак (прицеп) ва 2 адад экскаватори тамғаи ЭО -2621 ҷамъу васл карда шудаанд.

Қарзи дебитории корхона ба аввали моҳи августи соли 2019 ба 11454,6 ҳазор сомонӣ баробар буда, қарзи кредитории он 58346,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз тарафи ҶСП «Агротехсервис»  моҳи декабри соли 2018 аввалин маротиба 8 адад тракторҳо ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи автомобилҳои боркаш интиқол дода шуд, ки аз ин шумора 4 адади он тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва 4 адади дигар, трактори сечархаи тамғаи «Беларус 80Х» мебошанд.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ   корхона ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (12 адад)   8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 80Х» барои коркарди байни қаторҳои пахта ва 4 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1»    содирот намуд.

Зимни ба фаъолият шуруъ намудани корхона 60 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Айни замон дар корхона ба таври реалӣ 49 нафар коркарон кору фаъолият менамоянд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад. Баъдан бо васеъ гардидани истеҳсолот шумораи коргарон низ зиёд карда мешаванд.

-Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ “Труба ва профилҳои тоҷик”-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд» ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.