Маълумотнома оид ба фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар 9 моҳаи соли 2019

Тилллло-голд-735x400 (1)

Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо доир ба фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар 9 моҳаи соли 2019, чунин маълумот манзур менамояд.

Давоми нуҳмоҳи соли 2019 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 4843,3миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 375,9 миллион сомонӣ ё 108,4 % зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кўҳӣ 25,7% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуданд.

Дар ин давра ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ КМ “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо”, ЧДММ “Пакрут” ва ҶДММ “Гули Мурод” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд, аз ҷумла:

– тилло 130,2 %,

– нуќра 136,9 %,

– хокаи сурб 111,4%

– хокаи мис 101 %,

– хокаи сурма 114,9 % ё ин, ки 6789,4 тн;

– маъдани фториди калсий 15000 т ё ин ки 11000 тонна ва хокаи флюорит 4044 тонна ё 1215,7 тонна нисбати ҳамин давраи соли 2018 зиёд мебошад.

Ҳаҷми фурӯши маҳсулот 3803,9 миллион сомонӣ ва ҳаҷми содироти маҳсулот ба 1930 миллион сомонӣ ё ин, ки 204,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳисоби умумӣ тиллои ба фурўш бароварда, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои заргарии ҷумҳурӣ харидорӣ шудааст, ки ин 100% -ро ташкил мекунад,

Барои рушди соҳа дар корхонаҳои амалкунанда сармояи хориҷӣ ва дастгоҳҳу таҷҳизот ба маблағи 863,8 миллион сомонӣ (89,2 млн доллари ИМА) ҷалб карда шудааст.

Бояд иброз намуд, ки шумораи кормандони соҳа дар нуҳмоҳа 9600 нафар, музди миёнаи меҳнати як нафар корманд 3382 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи кормандон 888 нафар ва музди миёнаи меҳнат 391 сомонӣ зиёд мебошад.

Мутаасифона аз аввали соли ҷорӣ нархҳои металлҳои ранга тамоюли пастравӣ дорад.

Бояд ќайд намуд, ки нархҳои руҳ 109,1 доллари ИМА, хокаи сурма 2703 доллари ИМА ва мис 124,8 доллари ИМА нисбати ҳамин давраи соли 2018 поён рафтааст.

Дар фарҷом зиёни умумӣ аз ҳисоби поён рафтани нархи металлҳои дар боло зикргардида ба 55,02 млн доллари ИМА ё ин кӣ 533,1 млн сомонӣ баробар мебошад.

Ҳамзамон ҷиҳати равнаќ додани соҳа ва ба кор даровардани иќтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, дар нуҳ моҳи соли 2019 сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолӣ аз тарафи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кўҳӣ” барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони Кумарғи болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва ҶСП «ТАЛКО Голд» истеҳсоли тилло ва хокаи сурма идома дорад.

Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои куҳӣ дар семоҳаи чоруми соли 2019 барои таъмини иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта саъю кӯшиш намуда, мақсад доранд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 108,9 % нисбати соли 2018 таъмин намояд, аз ҷумла:

–   тилло 110 %,

–   нуқра 104,3 %

–   хокаи сурб 106 %

–   хокаи сурма 105 %