Раёсати саноати ангишт ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии корхонаҳои соҳа 9 моҳи соли 2019

ugol

Раёсати саноати ангишт  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии корхонаҳои соҳаи саноати ангиштро дар ҷамъбасти 9 моҳи соли 2019 пешниҳод менамояд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 октябри соли  2019 истихроҷи ангишт аз ҷониби 10 корхонаҳои соҳа дар 8  кон ба 1 млн 505 ҳазор тонна (109,8% иҷроиши нақша) расонида шуд, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2018, 203  ҳазор тонна зиёд мебошад. Иҷроиши нақша бо истихроҷи тарзи  кушод 1429,3 ҳазор тонна, бо истихроҷи тарзи зеризаминӣ 76,1 ҳазор тонна таъмин карда шудааст.

Бо ҳисоби молӣ бошад,  истихроҷи ангишт ба маблағи 236,5 млн сомонӣ ё 114,4% иҷроиши нақшаро  дар бар мегирад, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2018, 32,9 млн сомонӣ (суръати афзоиш 116,2%) зиёд мебошад.

Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа то 1 октябри соли 2019,  411,3 ҳазор тоннаро ташкил менамояд, ки нисбат ба захираи ҳамин давраи соли 2018 -207,2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1 млн 474,1 ҳазор тонна аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе 856 056,5 тонна (ё 58% аз ҳаҷми умумии фурӯши ангишт), корхонаҳои саноатӣ –481 767,4 тонна (32,6%), аҳолӣ- 106 562,8 (7,2%), муассисаҳои буҷетӣ -18 310 тонна (1,24%) ва содирот 10946 тоннаро (0,7%) ташкил дод.

Ҳаҷми содироти ангишт  дар давраи ҳисоботӣ  10 946 тонна аз ҷумла, ба ҷумҳуриҳои Исломии Покистон -8746 тонна ва Ӯзбекистон -2200 тоннаро ташкил  дод.

Бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ аз тарафи корхонаҳои соҳа чораҳои дахлдор андешида шуда, 47 адад техникаву таҷҳизотҳои нави куҳкорӣ ба  маблағи 40,7 млн сомонӣ, ворид карда шудааст. Воридоти техникаҳои нав дар давоми сол низ дар назар аст, ки ба пешрафти соҳа таъсири мусбии худро мерасонад.

Корҳои қабаткушоӣ дар ин давра  дар ҳаҷми 7,0 млн. м3 ба иҷро расонида шуд, ки 94,4%-и нақшаро дар бар мегирад ва мутаносибии корҳои қабаткушоӣ нисбати истихроҷи ангишт ба ҳисоби миёна ба 4,8 метри м3 баробар мебошад.

Дар корхонаҳое, ки истихроҷи ангиштро бо тарзӣ зеризаминӣ ба роҳ мондаанд ба миқдори 10,3 ҳазор метри тулонӣ корҳои нақбканию-омодасозӣ иҷро гардидааст, ки  64,5% иҷрои нақшаро дар бармегирад.

Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ 833 адад техника ва таҷҳизотҳо сафарбар карда шудаанд, ки 405 адад техникаҳои карерӣ ва 428 адад таҷҳизотҳои шахтавӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи кормандон  1679 нафар буда, музди миёнаи меҳнат ба 1915 сомонӣ баробар мебошад.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ ба Маркази барқу гармидиҳии -2  шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон 856 056,5 тонна ангишт кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бе назардошти КВД “Талко”  205,6 ҳазор тонна зиёд буда, қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар назди КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” 78,6 млн сомонӣ ва ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” 37,7 млн сомониро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки бақияи ангишт дар Маркази барқу гармидиҳии -2  шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо  ба ҳолати  1 октябри соли 2019,  791 716,6 тоннаро (ё 72 фоизи талаботи МБГ-2) ташкил медиҳад.

Корхонаҳои соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кушиш ба харҷ дода истодаанд, нақшаи таъминоти ангишт барои эхтиёҷоти МБГ-2 ш. Душанберо ба пуррагӣ иҷро намоянд.