Маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 раёсати технологияҳои нав

image

 

Дар нуҳ моҳи соли 2019 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 305,471 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд.

Аз ҷумла:

– дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ дар 4 корхона бо маблағи 109,42 млн сомонӣ;

– дар соҳаи саноати хӯрокворӣ дар 16 корхона бо маблағи 100,371 млн сомонӣ;

– дар соҳаи саноати ангишт дар 5 корхона бо маблағи 40,9 млн сомонӣ;

– дар соҳаи саноати сабук ва пилла дар 7 корхона бо маблағи 41,99 млн сомонӣ;

-дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон дар 14 корхона бо маблағи 11,42 млн сомонӣ;

– дар соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар 1 корхона бо маблағи 1,37 млн сомонӣ техника ва технологияҳои нав ворид гардидааст.

         Аз рӯи маълумотҳо маълум мегардад, ки дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ва соҳаи саноати хӯрокворӣ бо маблағи зиёд таҷҳизот ва техника ворид карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки аксарияти техника ва таҷҳизотҳои воридшуда аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия ва давлати Туркия мебошанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 182 корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси  2418  ҷойҳои кории нав  сохта ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла:

– вилояти Суғд-43 корхона ва коргоҳ бо 754 ҷойи корӣ;

– вилояти Хатлон – 47 корхона ва коргоҳ бо 582 ҷойи корӣ;

– вилояти МБК – 2 коргоҳ бо 15 ҷойи корӣ;

– НТҶ – 36 корхона ва коргоҳ бо 249 ҷойи корӣ;

– шаҳри Душанбе – 54 корхона ва коргоҳ бо 818 ҷойи корӣ.

Аз рӯи соҳаҳо:

– саноати сабук ва пилла 38 корхона бо 667 ҷойи корӣ;

– саноати масолеҳи сохтмон 42корхона бо 639 ҷойи корӣ;

– саноати хӯрокворӣ  45 корхона бо 433 ҷойи корӣ;

– саноати мошинсозӣ 37корхона бо 480 ҷойи корӣ;

– саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2 корхона бо 12 ҷойи корӣ;

– дигар соҳаҳо 13 корхона бо 152 ҷойи корӣ.

– табъу нашр 5 корхона бо 35 ҷойи корӣ.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ аз 2150 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда (якҷоя бо корхонаҳои хурд) ба қайд гирифта шуда, 168 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият накардаанд.

Аз ҷумла:

– вилояти Суғд – 44 кохона;

– вилояти Хатлон – 40 корхона;

– вилояти МКБ-5 корхона;

– НТҶ – 42 корхона;

– шаҳри Душанбе – 37 кохона

Аз рӯи соҳаҳо:

– саноати сабук ва пилла 30 корхона;

– саноати масолеҳи сохтмон 45 корхона;

– саноати хӯрокворӣ  44 корхона;

– саноати мошинсозӣ 27 корхона

– саноати ангишт 7 корхона

– саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 5 корхона;

– дигар соҳаҳо 4 корхона.

– табъу нашр 6 корхона.