Фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” тақвият меёбанд

Фарм Текс 2

 

Моҳи ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати якуми ҶДММ “Фарм Текс” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хатҳои истеҳсолии корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дар маҷмуъ 13 номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда аз ҷумла, маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ – нахи пахта фаъолият намуда, барои 80 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон, дар коргоҳи дӯзандагии назди корхона аз пасмондаҳои нахи пахтаи коркардшуда курпа, курпача, болишт, ҷома ва дигар номгӯи сару либос истеҳсол карда мешаванд.

Тибқи иттилои масъулин дар марҳилаи дуюми корхонаи мазкур хати нави технологӣ барои истеҳсоли докаи тиббӣ ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ ворид гардида, ба таври таҷрибавӣ маҳсулот истеҳсол гардида истодааст.

Давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2019 корхонаи мазкур ба миқдори 1823,5 ҳазор дона пахтаи тиббӣ, 109,4 ҳазор дона гирдаҳои пахтагин ва 22,7 ҳазор дона чӯбчаҳои нафиси пахтагин истеҳсол намудааст.