Маълумоти оид ба фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

ins-300x225

Дар зертобеияти вазорат шаш муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, ду муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ – Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Ғизо” ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат”, литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва литсейи инноватсионии назди Донишкадаи менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, литсейи назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият доранд.

Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2019-2020 зиёда аз 16901 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла раванди таълим дар 24 факулта аз рўи 149 ихтисос ва 78 кафедра ба роҳ монда шудаанд, ки дар он 1202 нафар устодони ботаҷриба ва кормандон кору фаъолият доранд, аз ин 41 нафар докторони илм, 235 нафар номзадони илм дарс меомӯзанд ва ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд. Соли таҳсили 2018-2019, 3191 нафар мутахассисон дар зинаи бакалавр ва магистр муассисаҳои таълимии зертобеи вазоратро хатм намуда, барои фаъолияти корӣ ба корхонаҳои саноатӣ роҳхат гирифтанд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат ҳамасола мустаҳкам гардида, айни замон 64 синфхонаҳои компютерӣ бо 2190 адад компютерҳо мавриди истифода қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 адад компютер зиёд аст.

Музди миёнаи маоши кормандони муассисаҳои таълимии марбут ба вазорат 1286.72 сомониро ташкил медиҳад ва 2511 нафар донишҷӯён аз 56 то 208 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд.

Донишҷӯёни гирандагони стипендияи Президентӣ 16 нафар буда, 137 нафар тариқи дигар намуди квотаҳо таҳсил менамоянд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба малакаи зеҳнии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба раванди истеҳсолот дар назди паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ 15 адад коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, дар парки технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон истеҳсоли обҳои маъданӣ, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, макаронҳо, кефиру йогуртҳои мевагӣ, навъҳои гуногуни маҳсулоти соҳаҳои қаннодӣ, нақеъҳои растаниву гиёҳҳо ва меваю сабзавотҳо ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳтиром ба либосу фарҳанги миллӣ Маркази “Муди тобон” фаъолият дорад, ки духтарон аз рўи ихтисосҳои тарроҳ, дӯзандагӣ ва технолог касб меомӯзанд. Бо мақсади рушд додани фаъолияти эҷодӣ, корҳои ихтироъкорӣ, татбиқи маҳсулоти зеҳнии донишҷӯёни болаёқат, аспирантону унвонҷуён, омӯзгорони ҷавон ва докторантон дар назди донишгоҳ парки технологии “Фановар” таъсис дода шудааст.

Дар парки технологии Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара дар баробари тайёр намудани маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, консерва инчунин аввалин маротиба чароғаки роҳнамои рақамӣ истеҳсол ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Исфара харидорӣ ва мавриди амал қарор дода шуд.

Парки технологии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш.Кӯлоб вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда коргоҳҳои истеҳсоли тушбера, маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, маснуоти заргарӣ ва маҳсулотҳои дӯзандагиро таъсис дода, донишҷўён ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба истеҳсолот фаро гирифта мешаванд.

Дар парки технологии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамбастагии илм бо истеҳсолот коргоҳҳои кулолгарию заргарӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди гулдузӣ, атласу адрасбофӣ дар заминаи Паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ Маркази омӯзиши истеҳсоли атласу адрасбофӣ таъсис гардид. Айни ҳол устодон ва мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ нозукии ин ҳунари аҷдодиро ба занону духтарон меомӯзонанд.

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалй Раҳмон, санаи 05.10.2016 сол ба шаҳри Кӯлоб санги асоси биноҳои таълимӣ, хобгоҳу дигар иншоотҳои маишию фарҳангии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб гузошта шуд ва лоиҳаи ангоравии он барои мувофиқа пешниҳод ва сохтмони онҳо оғоз гардида буд. Айни ҳол сохтмон идома дорад.

Вазорат ба фаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу маърифати касбии устодону омӯзгорон, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ инчунин дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи саноат чораҷӯӣ менамояд.