Таҷлили ҷашни 25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.(05.11.2019)

ррррррррр

Санаи 05.11.2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳои зерсохтори вазорат бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии табрикотӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Бахтиёр Шарифӣ муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав оғоз намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ба кулли кормандони соҳаи саноат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи таърихиро шодбош гуфта, қайд карданд, ки Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.

Бо вуҷуди он, ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд.

Қобили зикри махсус аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд.

Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун – эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад.

Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.

Сипас  Табаров Раҷабалӣ – Мудири бахши ҳуқуқи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба “Амали 25 – солаи Конститутсия дар таҳкими давлатдории тоҷикон” ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки бисту панҷ соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар охир муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав – Бахтиёр Шарифӣ, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ  бори дигар ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо ин рӯзӣ пуршукуҳ муборакбод намуда, ба кори ҷаласа хотима бахшиданд

оооооооооооо

аааааааааааааааааааааа