Озмуни ҷумҳуриявии “Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ”

Безымянный2

Санаи 09 ноябри соли 2019  озмуни “Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе  баргузор гардид.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2019, №18779 (27-6) оид ба ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа, чунин иттилоъ медиҳад.

Дар ин раванд баргузории фестивал – намоиш, ид ва озмунҳо оид ба анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 барои солҳои 2019 – 2021 таҳти назорат қарор дода шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи Низомнома дар даври аввали Озмуни “Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар вилоятҳо бо тантана дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ баргузор гардида, марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе санаи 09 ноябри соли 2019 баргузор гардид.

Ҳадафҳои асосии Озмуни баргузоргардида аз тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, кадбонуи беҳтарин ва дастони моҳир, оммавӣ гардонидани чорабиниҳои сиёсӣ ва муаррифӣ намудани маҳсулотҳои ватанӣ иборат мебошад.

Дар қисмати ифтитоҳии фестивали ҷумҳуриявӣ намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Абдуллозода М. ва муовини якуми Вазорати саноат ва технологияиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фестивал 41 иштирокчи бо пешниҳоди беш аз 65  намуди маҳсулотҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ иштирок намуда, маҳсулотҳои худро ҷиҳати баҳогузорӣ ба ҳайати тадорукоти Озмуни мазкур пешниҳод намуданд.

Баъди аз назаргузаронии маҳсулотҳои пешниҳодгардида аз тарафи ҳайати тадорукоти Озмун ҷоизаҳои рамзӣ барои ҷойи якум ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҷойи дуюм ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дода шуд.

Инчунин, дигар иштирокчиёни Озмуни мазкур бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, дар қисмати фарҳангии Озмуни ҷумҳуриявӣ ансамбли созию овозӣ, сарояндагони ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табъи иштирокдорон, меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанберо шод намуданд.

 

Безымянный00

Безымянный0

Безымянный

Безымянный3