Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG-5e18cd31da83dcd8c4d839a0729bcd68-V
IMG-2010ffd187973f2fde809dffec83540a-V
Имрӯз  дар маҷлисгоҳи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки  кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаю муассисаҳои зерсохтори Вазорат доир гардид.
Ҷаласаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин Қудрат оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ёдрас намуданд, ки бистуҳашт сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ва бо қабули Конститутсия дар соли 1994 истиқлолияти бадастовардаи худро таҳким бахшид.Маҳз бо сиёсати хирадмандонаю сулҳпарвар ва ҷаҳду талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гашта, аз лиҳози иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳагӣ дар байни кишварҳои мутараққӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст.
Ҳамзамон аз меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он иброз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар  ба ҳозирин иқболи нек, сарбаландию хонаободӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неку созанда пешрафту комёбиро таманно намуданд.