Маълумот оид ба истихроҷ, фурӯш ва захираи ангишт дар 10 моҳи соли 2019

1018545415

 

Мувофиқи  маълумотҳои оморӣ дар даҳ моҳи соли 2019 истихроҷи ангишт ба 1 млн 735,5 ҳазор тонна (111,9% иҷроиши нақша) расонида шуд, ки нисбат ба даҳ моҳи соли 2018, 184.2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Бо ҳисоби молӣ бошад,  истихроҷи ангишт ба маблағи 271,4 млн сомонӣ ё 111,9% иҷроиши нақшаро  дар бар мегирад, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2018, 28,9 млн сомонӣ (суръати афзоиш 113%) зиёд мебошад.

Дар ин давра фурӯши ангишт -1 млн 696,8 ҳазор тоннаро ташкил дод аз ҷумла, ба аҳолӣ  124. ҳазор тонна,  ба МБГ-2 ш. Душанбе 944,8 ҳазор тонна, ба корхонаҳои саноатӣ 542.1 ҳазор тонна, ба муассисаҳои буҷавӣ бошад -18,6 ҳазор тонна фурӯхта шуда, содироти ангишт -13,7 ҳазор тонна.

Содироти ангишт аз тарафи ҶДММ “Комбинати Металургии Тоҷик” ва ҶДММ “Талко Ресурс” ба Ҷумҳурии Покистон- 10383 ҳазор тонна ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 2,9 ҳазор тонна амалӣ карда шудааст.

Бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”, Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик”, ҶДММ “Қудрат-2010” ва       КФ “Зиддӣ” чораҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 41,7 млн сомонӣ 47 техникаҳои карерӣ ва таҷҳизот барои бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ намудани ангишт  харидорӣ карда шудааст.

Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ 833 адад техника ва таҷҳизотҳо сафарбар карда шудаанд, ки 405 адад техникаҳои карерӣ ва 428 адад таҷҳизотҳои шахтавӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи кормандон  1679 нафар буда, музди миёнаи меҳнат ба 1915 сомонӣ баробар мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 № 117 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” таъминоти ангишт ба тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ идома  дорад.

Дар соли 2019 таъминоти МБГ-2 ш. Душанбе бо ангишт -1100,0 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки ин аз ҷониби КФ Шахтаи Фон-Яғноб” ба миқдори -480,0 ҳазор тонна, ҶДММ “Талко Ресурс” -330,0 ҳазор тонна ва ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” -290 ҳазор тонна бояд амалӣ карда шавад.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 947,8  ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти  МБГ-2 ш. Душанбе интиқол дода шудааст, ки 96%-и нақшаро дар бар мегирад. Таъминот аз тарафи  КФ Шахтаи Фон-Яғноб”- 472.7 ҳазор тонна, ҶДММ “Талко Ресурс” –250 ҳазор тонна ва ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” –225,1 ҳазор тонна амалӣ карда шудааст. Корхонаҳои соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кушиш ба харҷ дода истодаанд, нақшаи таъминоти ангишт барои эхтиёҷоти МБГ-2 ш. Душанберо ба пуррагӣ иҷро намоянд.

Қарзи МБГ-2 ш. Душанбе дар назди корхонаҳои таъминкунанда ба ҳолати 01.11.2019 маблағи 113,8 млн.  сомониро ташкил менамояд.

Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа то 1 ноябри соли 2019  412.5 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.

Қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои соҳа ба санаи 1.10.2019, 3966,2 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ҳисоби КФ Шахтаи “Фон-Яғноб” -1678,6 ҳазор сомонӣ ва ҶСК “Ангишт” -1575,2 ҳазор сомони ба миён омадааст.

Бояд қайд кард, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда мо тасмим дорем, ки то охири соли ҷорӣ истихроҷи ангишт то ба 2,0 млн тонна расонида шавад.