Баргузории ҷаласаи дуюми ситоди доимоамалкунанда доир ба масъалаҳои ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

IMG_20191128_094030

Санаи 28 ноябри соли 2019 дар ноҳияи Данғара ҷаласаи дуюми ситоди доимоамалкунанда доир ба масъалаҳои ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» баргузор шуд. Нахуст иштирокчиёни ҷаласа аз корҳои сохтмонии сиклҳои навбатӣ ва аз фаъолияти коргоҳи ресандагии корхонаи мазкур шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи коркарди ниҳоии нахи пахта зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба истифода додани ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», ки бо шарикони хитоӣ амалӣ шуда истодааст, қадами устувор дар рушди соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад. Сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи коркарди нахи пахта беназир буда, дар корхона навтарин технология аз ширкатҳои Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид васлу насб карда шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо вобаста ба фаъолияти корхона, раванди корҳои сохтмонӣ, захираи ашёи хом ва истифодаи самараноки заминҳои вобастшуда барои кишти пунбадона баррасӣ гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур ташхисгоҳ бо дастгоҳҳои USTER фаъолият дошта, ташхиси нахи пахта ва риштаҳои пахтагин ба роҳ монда шудааст.

Ахбороти роҳбарияти корхона оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили ашёи-хом пахта ва захираи он барои соли 2020 пешниҳод шуда, инчунин оид ба рафти корҳои сохтмонӣ маълумот манзур гардид.

ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» дар 10 моҳи соли 2019 ба миқдори 12120,1  тонна риштаи пахтагин  истеҳсол кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 2690 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 128,5 фоизро  ташкил намудааст. Саҳми корхонаи мазкур дар маҷмуи риштаи пахтагини дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда дар ин давра 67,5 фоизро ташкил додааст.

Дар раванди мулоҳизаронӣ аъзои ситод баромад намуда, дар хотима аз натиҷаи ҷаласа протокол тартиб дода шуд.

IMG_20191128_090952

IMG_20191128_091747