Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бунёди филиали ширкати «Артел»-ро дар Душанбе баррасӣ намуд

Тавре қаблан хабар додем, дар доираи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  аз як қатор корхонаҳои шаҳри Тошканд дидан намуд. Аз ҷумла, дар рӯзи аввали сафар, 3 декабр Рустами Эмомалӣ  аз силсилакорхонаҳои истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи «Артел» боздид ба амал овард. Дар ҷараёни боздид мавзӯи бунёди филиали ширкати «Артел» дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин бора сардори Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид  Ҳакимзода, ки шомили ин  ҳайат буд, ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои  А. Ҳакимзода, Раиси шаҳри Душанбе   Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Артел» соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзгор истеҳсол менамояд. Шумораи кормандони  корхонаро то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникӣ  ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро  дар бар гирифта, он аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Номгӯи маҳсулоти корхонаи мазкур 500 ададро  ташкил дода,  иқтидори истеҳсоли солонаи он зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ  мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи «Артел» ба бозори дохилӣ, инчунин ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Беларус ва дигар давлатҳои дуру наздик  содир мегардад.