Маълумот доир ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 11 моҳи соли 2019

001

 

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Дар 11 моҳи соли 2019 ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 321,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи ноябр 7,5 ва дар 11 моҳ бошад, 10,4 %-ро ташкил дод.  Истеҳсоли семент ба 3,9 миллион тонна, хишт 154,4 миллион дона, газоблок 32,7 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,4 миллион метри мукааб, гаҷкартон 1,4 миллион дона ва шифер 1,3 миллион дона баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 65,3 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 39,2 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 26,1 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 64,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (16,4 миллион доллар), шиша (8,4 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (2,3 миллион доллар), гаҷкартон (2,5 миллион доллар) ташкил додааст.

Дар ин давра 1,5 миллион тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 842,0 ҳазор тонна, Афғонистон 546,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 78,0 ҳазор тонна содирот гардидааст.

Содироти гаҷкартон 387,0  ҳазор донаро ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Исломии Афғонистон ташкил дод.

Дар ин давра 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Зиркон”-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот карда шуд.

Дар 11 моҳи соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли семент “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, шифербарории ҶДММ “Муқим-1”-и ноҳияи Ёвон, “Анас Одина”-и шаҳри Ҳисор, “Сомоншифер”-и шаҳри Душанбе корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ “Зиркон” дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ “Белтатекс”-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.

Корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ ҶДММ “Хорои Хуҷанд” дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иқтидори солонаи 20,0 ҳазор метри мураббаъ мавриди истифода қарор дода шуд. Маблағи сармояи он 2,0 миллион сомониро ташкил дода, дар он 30 ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҶДММ «Сомоншифер» дар шаҳри Душанбе  корхонаи  истеҳсоли шиферҳои асбестиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки ин корхона дар гузашта яке аз корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли шифер ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои рақобатпазир набудани маҳсулоташ аз соли 2010 инҷониб фаъолият намекард.

Корхонаи мазкур моҳи сентябр соли 2019 ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуда, 68 нафарро бо ҷойҳои нави корӣ ва музди меҳнати доимӣ таъмин кардааст.

Инчунин, корхонаи нав – ҶДММ «Анас Одина»-и шаҳри Ҳисор низ ба истеҳсоли шифер шурӯъ карда, 15 ҷойҳои кории нав муҳайё намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳсулоти истеҳсолгарида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Корхонаи коркарди санги ҶДММ «Зиркон» моҳи сентябри  2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар корхона 35 адад таҷҳизоти замонавии коркарди санг насб гардидааст. Таҷҳизоти корхона бо низоми идоракунии барномавии рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо истифода аз сангҳои табиии кишварамон маҳсулоти зеринро истеҳсол ва ба харидорон  пешниҳод менамояд: тахтасангҳои мармарии гуногунандоза, фаввора, сутунчаҳои нақшин, панҷараҳо, зинапоя, зертиреза, карниз, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон ва ғайраҳо.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад. Маҳсулоти сангии истеҳсолнамудаи корхона аз рӯи сифат ва рангу намуди ороишот бо маҳсулоти сангии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон – Италия, Ҳиндустон, Россия ва Хитой рақобат карда метавонад.

Инчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди корхонаи нави азими саноатӣ  ҶСП «Тоҷиксемент» санги асос гузошта шуд.

Иқтидори истеҳсолии корхона  дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад.

Хати истеҳсолии корхона, дар масоҳати 15 гектар васлу насб шуда, дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи автомобилӣ, коргоҳи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.

Корхона ба таври муосир, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф безарар дар канори шаҳр бунёд меёбад.

Чангу ғубор дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд.

Баъди ба истифода додани корхона 600 ҷойи кори доимӣ таъсис меёбад.

Технологияи истеҳсолии корхонаи ӮСП «Тоҷиксемент» бо иҷозатномаи яке аз бонуфӯзтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол карда мешавад.